logo

маориф

НИЗОМИ МАОРИФ. ОМИЛҲОИ МУҲИМИ РУШД

Дар фарҳанги миллӣ ва умуман маънавиёти халқи мо мактабу маориф ва низоми таълиму тарбият мақому ҷойгоҳи хосса дорад. Ба ҳамин хотир, мардум ба муаллим ва устод, ки дар ҳама давру замонҳо қишри асосии зиёиёни кишварро ташкил менамуд, арҷу эҳтироми беандоза қоил буданд. Онро ҳамчун равшангару раҳнамо, тарбиятгару мураббии ҷавонону наврасон мешинохтанд ва мешиносанд.

Ба шарофати сиёсати маорифпарварона ва маънавиятасоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 25 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти мактабу маориф ва низоми таълиму тарбият дар кишвар бобарор амалӣ карда мешавад. Дар Консепсияи эъмори ҷомеаи муосири тоҷикон, ки асосгузору раҳнамои он Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, аз оғоз то имрӯз масъалаи маориф ва таҷдиди низоми омӯзишу парвариш, масъалаи тарбияи зеҳнӣ ва ахлоқии ҷавонон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва муаллим ба ҳайси омили муҳиме, ки заминаҳои пешрафти соҳаҳои асосии иқтисодию иҷтимоӣ ва умуман давлату миллатро таъмин месозад, аз аҳмияти хосе бархӯрдор аст. Сарвари давлат махсус таъкид карда буданд: «Бояд дар назар дошт, ки муносибати ҷиддӣ ба соҳаи маориф, дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба миён гузоштан ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта аҳмияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифатию фарҳангӣ дорад. Маориф дар фаҳмиши васеъ ва имрӯзӣ яке аз проблемаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри XXI мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки ба он бо таваҷҷуҳи хос ва масъулияти баланд муносибат намоем. Чунки инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини амнияти давлатию миллӣ ва умуман ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техника, технология ва илму фарҳанг, пеш аз ҳама, ба рушди босуботи таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон вобаста мебошад». Ин аст ки дар барномаҳои стратегии рушди мамлакат ислоҳоту пешрафти соҳаи маориф, аз кӯдакистонҳо то ба мактабу ҳунаристон ва донишгоҳҳои олӣ дар ҳамаи самтҳои он мақоми махсус касб менамояд.
Ба хотири пиёда сохтани сиёсати маорифпарваронаи давлат дар давраи истиқлол даҳҳо санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар робита ба соҳаи маориф ва пешрафти он таҳияву қабул гардиданд. Ҳанӯз соли 1993 сарфи назар аз вазъи душвори сиёсиву иқтисодии кишвар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба ҳукми аввалин ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия ва қабул гардид. Дар ин санади муҳим дастурҳои асосии сиёсати давлат дар самти маориф муқаррар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи он заминаҳои мусоиди хуқуқӣ ва сиёсӣ фароҳам оварда шуд. Баъдан, соли 1995 мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли маорифи кишвар баргузор шуд, ки дар он муҳимтарин масъалаҳои ҳалталаби соҳа баррасӣ гардиданд ва ҳалли худро ёфтанд.
Дар солҳои баъдӣ афзоиши пайвастаи маблағгузории соҳаи маориф заминаҳои рушди устувори мактаб ва низоми таълиму тарбияро ба вуҷуд овард. Ғайр аз ин, ҳамасола аз ҳисоби фонди захиравии Президенти ҷумҳурӣ ёриҳои башардӯстона, грантҳо ва сарчашмаҳои дигар барои ислоҳоти соҳаи маориф ва дастгирии моддии кормандони соҳа маблағҳои зиёде сарф мегарданд. Ҳамасола барои таъмир, таҷҳиз ва таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар саросари ҷумҳурӣ аз тарафи давлат сармоягузорӣ карда мешавад. Имрӯз вусъати маблағгузории соҳаи маориф, бунёди мактабҳои муҷаҳҳази замонавӣ нисбат ба замони Шӯравӣ ба маротиб зиёд аст. Махсусан, ифтитоҳу фаъолияти мактабҳои замонавӣ, густариши усулҳои муосиру фаъоли таълими фанҳои гуногун марҳилаи комилан ҷадид дар таърихи рушди соҳаи маориф дар кишвари мост. Имрӯз дар ҷумҳурӣ миқдори зиёди гимназияҳои давлатӣ, мактабҳои муосири ғайридавлатӣ, литсейҳо ва таълимгоҳҳои хусусӣ ба вуҷуд омаданд.
Мактабҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат, ки имрӯз дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолият менамоянд, василаи муносиби баланд бардоштани неруи зеҳнии халқу миллати тоҷик дар давраи истиқлол мебошад. Сарвари давлат ба ин васила барои дастгирии устодону шогирдон ба технологияи муосир, омӯзиши амиқи фанҳои бунёдӣ ва тарбияи ҳаматарафаи насли ҷавони кишвар заминаи сазовор фароҳам сохтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2001 дар мақолаи дастуриашон «Тоҷикистон дар остонаи қарни XXI» таъкид карда буданд, ки Тоҷикистон набояд ба партовгоҳи технология табдил ёбад. Бо ҳидояти Сарвари давлат ҷадидтарин таҷҳизоти технологияи муосир ба кишвари мо ворид гардид, паркҳои технологӣ ва озмоишгоҳҳои замонавӣ дар заминаи риштаҳои мухталифи улуми дақиқ бунёд ёфтанд ва фаъолияташонро бо корбандии навтарин барномаҳои компютерӣ ба роҳ андохтанд. Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудани соли 2010 ин равандҳоро дар соҳаи мактабу маорифи кишвар вусъати тоза бахшид, истеъдодҳо ва кашфиёти навро ба миён овард. Сарвари давлат махсус таъкид менамуданд, ки «рушди тафаккури техникии кӯдакону наврасон бояд вазифаи муҳими роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор бошад». Маҳз, ба шарофати ҳамин гуна иқдомоти маорифпарварона ҳамасола даҳҳо ва садҳо шогирдони мактабу литсейҳо ва гимназияву донишгоҳҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои сазоворро ишғол намуда, самараи ислоҳоти бобарори соҳаи маорифи кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд. Ба хотири дастгирии хонандагону донишҷӯёни болаёқат, аспирантҳо ва олимони ҷавон дар ҷумҳурӣ стипендияҳои номӣ ва ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис ёфтааст.
Бояд гуфт, ки ҳамаи он иқдомҳое, ки дар кишвари мо ба хотири таҷдид ва рушди соҳаи маориф бо ибтикорот, дастурҳо ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон карда шудаанд, аз ниёзҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа сарчашма мегиранд. Ҳадафи ин иқдомоти маорифпарварона тарбияти ҷомеаи огоҳу бедор ва фозилу донишманд, насли худогоҳу хештаншинос, инсони муосир, бофарҳанг ва мусаллаҳ бо донишҳои имрӯза мебошад. Масъулияти таълиму тарбияти ин гуна инсон бар дӯши муаллимон, устодони донишгоҳҳо ва ҳамаи кормандони соҳаи маориф мебошад. Ба ҳамин хотир, аз фурсат истифода намуда, ҳамаи кормандони соҳаи маорифи ҷумҳуриро ба муносибати Рӯзи муаллим самимона табрик менамоям ва ба ҳамаашон дар иҷрои масъулияти бузурги пешаи пурифтихори муаллимӣ ва устодию омӯзгорӣ барору комёбиҳоро хоҳонам.
Носирҷон САЛИМӢ,
ректори Донишгоҳи омӯзгории
Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2016    №: 195    Мутолиа карданд: 7388
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед