logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Муъминобод, 3 октябри соли 2016

Ҳамватанони азиз!
Имсол барои мардуми куҳанбунёди тоҷик соли воқеан таърихӣ  мебошад. Сокинони мамлакат муқаддастарин рӯйдоди давраи нави таърихи давлатдории миллӣ - биступанҷсолагии ба даст овардани Истиқлолияти давлатиро ҳамчун рамзи озодӣ, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи бақои давлат ҷашн гирифтанд.
Ба муносибати биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатӣ кулли сокинони меҳмоннавози ноҳияи хушманзараи Муъминободро табрик гуфта, ба ҳамаи шумо барои дастовардҳои назаррасе, ки аз ободии ин гӯшаи хушбоду ҳавои кишварамон намудор аст, изҳори сипос менамоям.
Муъминобод воқеан диёри мардони сарбаланду накусиришт буда, табиати зебояш қалби ҳар як сайёҳу меҳмонро тасхир месозад. Мавзеи зебои Чилдухтарон ва чашмаҳову гиёҳҳои шифобахши он шуҳрати беандоза дошта, сокинонаш бо меҳмоннавозиву ҳимматбаландӣ ном баровардаанд. Ин гӯшаи биҳиштосои ватанамон дар ин фасли сол боз ҳам зеботар гардидааст. Алалхусус, ҳоло, ки фасли тирамоҳ ва давраи омодагӣ ба ҷашни Меҳргон аст, сокинони заҳматкаши ноҳия дастархони ҳамдиёронамонро бо сабзавоту меваҳои шаҳдбор фаровон гардонда, дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссаи муносиби худро мегузоранд.
Ҳукумати мамлакат шароит ва иқлими ноҳияро ба назар гирифта, барои рушди боғу токпарварӣ дар ин мавзеи мувофиқ то имрӯз хеле  корҳоро ба анҷом расонда, минбаъд низ ба инкишофи ин соҳа мусоидат менамояд.
Аз рӯи маълумот, имсол сокинони ноҳия ҳосили хуби ғалла, картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ рӯёнда, шукрона аз тинҷиву оромии Ватан менамоянд.
Ҳозирини арҷманд!
Имрӯз дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳия мо дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 дар деҳаи Чашмасор барои 1250 ҷойи нишаст, меҳмонхона, Қасри фарҳанг, майдони варзишӣ барои 7000 ҷойи нишаст ва иншооти дигар ширкат намудем, ки ҳаҷми умумии маблағи барои бунёди онҳо масрафшуда зиёда аз 40 миллион сомониро ташкил дода, садҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи корӣ таъмин шудаанд.
Маҳз ба шарофати соҳибихтиёрии давлатамон дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Муъминобод низ сол ба сол рушд ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан беҳтар шуда истодааст. Ҳукумати мамлакат дар зарфи 25 сол барои бунёду барқарорсозии иншооти муҳими соҳаҳои мухталифи ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 450 миллион сомонӣ маблағ равона намудааст.
Дар зарфи даҳсолаи охир бо татбиқи 20 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 300 миллион сомонӣ барои беҳдошти вазъи соҳаҳои мухталиф имконият фароҳам оварда шуд.  Айни замон татбиқи 10 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 50 миллион сомонӣ идома дошта, бовар дорам, ки  бо амалӣ гардидани онҳо аксари масъалаҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи  некуаҳволии мардуми ноҳия роҳи ҳалли худро меёбанд.
Дар давраи мазкур дар ноҳия ба маблағи умумии 112 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, аз ҷумла барои беш аз 6000 ҷойи нишаст муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва барои 140 кат иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шудаанд.
Соли ҷорӣ барои бунёду барқарорсозии иншооти соҳаи иҷтимоӣ беш аз 11 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то соли 2019 ҷиҳати рушди соҳаҳои мухталифи ноҳия аз ҳисоби Буҷети давлатӣ боз зиёда аз 200  миллион сомонӣ ҷудо мегардад. Илова бар ин, дар асоси барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия татбиқи 182 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 163 миллион сомонӣ амалӣ карда мешавад.
Дар муддати 25 соли Истиқлолияти давлатӣ теъдоди коргоҳу корхонаҳои хурди саноатӣ ба 106 расида, садҳо нафар сокинони ноҳия, аз ҷумла занону духтарони деҳоти кишвар, бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Барои тараққӣ додани соҳаи саноат ва коркарди дигар захираҳои табиӣ, аз ҷумла кони сангҳои ороишӣ, ба мақсад мувофиқ буда, ноҳия мисли дигар мавзеъҳои кишвар дорои сарватҳои бойи табиӣ мебошад ва дар ҳолати ба кор даровардани онҳо  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватаниро боз ҳам афзоиш додан мумкин аст. Инчунин, ҳарчи зудтар бунёд намудани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар навбати аввал мева ва муҳайё намудани ҷойҳои иловагии корӣ талаби замон мебошад.
Соли ҷорӣ ҳаҷми маблағгузорӣ барои соҳаи сохтмони ноҳия 23 миллион сомониро ташкил намуда, айни замон таъмиру барқарорсозии беморхонаи минтақавӣ, осоишгоҳи махсусгардонидашудаи табобати баъди бемории сил, нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ, сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16 барои 400 хонанда, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди мактаби рақами 47, инчунин якчанд маркази савдо ва корхонаи дӯзандагӣ аз ҷониби соҳибкорони ноҳия идома дорад.
Муъминобод ноҳияи аграрӣ буда, маҳсулоти кишоварзӣ манбаи аввалиндараҷаи даромади беш аз 80 дарсади аҳолии он ба ҳисоб меравад ва кишоварзони ноҳия дар таъмини аҳолии минтақа ва кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ саҳми муносиб доранд. Бо дарназардошти аҳамияти масъалаи мазкур, зарур аст, ки доир ба баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва рушди соҳа чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Иқлими мувофиқ ва таҷрибаи кишоварзони ноҳия ба парвариши боғу токзор, зиёд кардани майдони боғҳо, аз ҷумла ташкили боғҳои интенсивӣ ва афзун намудани ҳаҷми содирот мусоидат мекунад. Бо азму талоши кишоварзони ноҳия дар панҷ соли охир зиёда аз 1100  гектар боғҳои нав бунёд гардидаанд. Дар доираи барномаи рушди ноҳия дар тӯли солҳои 2016-2020 васеъ кардани майдони боғот аз ҳисоби 1000 гектар заминҳои кишоварзӣ, азхудкуниву обёрии заминҳои нав дар майдони 310 гектар, барқарор намудани 320 гектар боғҳои куҳна ва бунёди 85 гектар ҷангалзор дар назар дошта шудааст, ки ин барои таъсиси беш аз 4000 ҷойи нави корӣ замина мегузорад.
Иқлим ва захираҳои табиии ноҳия барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ мувофиқ буда, соҳаи мазкур, бахусус дар панҷсолаи охир, рӯ ба афзоиш дорад.
Айни замон дар ноҳия қариб 8 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, соли ҷорӣ 160 тонна асал истеҳсол  шудааст. Бинобар ин, ба роҳбарону мутахассисони ноҳия ва субъектҳои хоҷагидорӣ зарур аст, ки ҷиҳати самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин, таҳкими иқтидорҳои истеҳсолии ноҳия, таъмири дастгоҳҳои обкашӣ ва дар ҳолати хуби баҳрабардорӣ нигоҳ доштани обанбори ноҳия, тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ба ин мақсад, ба Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иқтидори истеҳсолии заминҳои ноҳияро ҳамаҷониба омӯхта, ҷиҳати бунёди боғу токзорҳои нав тавсияҳои илман асоснок пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки ба парвариши картошка, мева, занбӯри асал, яъне соҳаи сердаромад ва содиротӣ, ки имкониятҳои кишоварзони ноҳия дар ин самт бештар аст, инчунин рушди чорводорӣ ва таъсиси корхонаҳои коркарди мева, сабзавот, гиёҳҳои дармонбахш ва маҳсулоти чорво эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Зеро ин бахшҳо сарчашмаи муҳайё кардани ҷойҳои иловагии корӣ ва манбаи хуби даромади аҳолии ноҳия мебошанд.
Дӯстони азиз!
Дар ноҳияи Муъминобод яке аз масъалаҳои асосии таъминкунандаи рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъмиру барқарор кардани роҳҳои мошингард   мебошад.
Гарчанде сохтмон ва таъмири 140 км роҳҳо, аз ҷумла роҳҳои автомобилгарди Муъминобод - Чилдухтарон, Қипчоқ - Лангар ва Муъминобод - Хоҷаи Нур ба анҷом расонда шудаанд, вале ҳолати техникии роҳҳои мавҷудаи ноҳия ҳанӯз беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад. Бахусус, шоҳроҳи Кӯлоб - Муъминобод, дар масофаи 26 километр, ба таъмиру азнавсозӣ эҳтиёҷ дорад.
Бо мақсади ҳалли мушкилоти мардум дар доираи Барномаи рушди ноҳия барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои мошингард дар панҷ соли минбаъда беш аз 60 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин, дар се соли оянда, аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷӣ татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳи автомобилгарди Муъминобод - Чилдухтарон ва сохтмони пул аз болои дарёи Сурхак ба маблағи умумии 43 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Бинобар ин, ба вазоратҳои нақлиёт, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби маблағҳои сармоягузорӣ барои таъмиру азнавсозии шоҳроҳи Кӯлоб-Муъминобод ва амалӣ намудани нақшаҳои мазкур чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Дар доираи Барномаи рушди ноҳия таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи  нӯшокӣ афзалияти аввалия ба ҳисоб рафта, то соли 2020 таъмини дастрасии беш аз нисфи аҳолӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошти санитарӣ дар назар дошта шудааст. Зеро то имрӯз таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ташвишовар буда, ҳамагӣ 48 дарсади аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ таъмин мебошад. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор татбиқи саривақтӣ ва босифати барномаи зикршударо таъмин намоянд.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар замони истиқлолият дар ноҳияи Муъминобод 28 бинои нав ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Аз ҷумла, тӯли чор соли охир 6 бинои нав ва якчанд бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 1250 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Имрӯз дар деҳаи Чашмасори ноҳия муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 - ро ба истифода супурдем, ки барои 1250 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, ба маблағи қариб 20 миллион сомонӣ сохта шудааст. Инчунин, рӯзҳои наздик дар деҳаи Шаҳрак муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 ба истифода дода мешавад.
Ҳукумати мамлакат ҳамаи имкониятҳоро истифода намуда истодааст, ки деҳоти дурдасти кишвар аз пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир қафо намонда, масъулияти шаҳрвандон дар самти ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва идома додани корҳои бунёдкориву созандагӣ боз ҳам тавсеа ёфта, дар шароити ворид шудан ба марҳалаи нави давлатдорӣ ҳар як фарди ҷомеа ҳиссаи ватандӯстонаи худро барои ояндаи давлат ва миллат гузорад.
Дар замони муосир яке аз соҳаҳои сердаромад  соҳаи сайёҳӣ буда, дар ноҳияи Муъминобод имкониятҳои рушди соҳа бештар мебошанд. Шоҳкориҳои табиӣ ва ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ, аз қабили Чилдухтарон, обанбори Муъминобод, ёдгориҳои мансуб ба асрҳои IX -X, аз ҷумла қалъаи Муъминобод, Шоҳи Хомӯш, чашмаву обҳои табобатӣ, иқлиму нарму табиати зебо ва гиёҳҳои шифобахш диққати ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Маҳз ҳамин захираву боигариҳост, ки танҳо дар ҳашт моҳи соли равон беш аз 6 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҳудуди ноҳия, аз ҷумла минтақаи Чилдухтарон, ташриф овардаанд.
Бояд зикр намоям, ки обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва ташкили инфрасохтори муосир дар чунин мавзеъҳо аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки ҳалли он метавонад ба ташкили ҷойҳои нави корӣ ва даромади иловагии аҳолӣ мусоидат намояд.
Итминон дорам, ки мардуми ватандӯсти ноҳияи Муъминобод минбаъд низ бо эҳсоси баланди милливу хештаншиносӣ ба хотири ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат саъю талоши бештар мекунанд ва бо заҳмати софдилона диёри худро боз ҳам ободу пешрафта мегардонанд.
Дар фарҷом бори дигар, кулли мардуми ободгару ҳимматбаланди  ноҳияи Муъминободро ба муносибати ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – биступанҷумин солгарди Истиқлолияти давлатии кишварамон табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хонаи обод, саломативу хушбахтӣ ва барори кор мехоҳам.
Ҳамеша сарфарозу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2016    №: 196    Мутолиа карданд: 10684
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед