logo

номаҳо

АЗ "ҶУМҲУРИЯТ" МИННАТДОРЕМ

Ассалому алайкум аҳли кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият”. Ман яке аз мухлисони рӯзномаи шумо мебошам. Санаи 30 сентябр дар коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом конференсияи хонандагони рӯзномаи “Ҷумҳурият” баргузор гардид, ки дар он намояндагони рӯзнома низ ҳузур доштанд. Аз иштирокашон дар кори конфронс мо бисёр хушнуд ва сарфароз гардидем. Аз ин хотир, миннатдории худро ба сармуҳаррири рӯзнома ва аҳли эҷодии он мерасонам. 
Дар бораи нашрияи “Ҷумҳурият” гуфтаниям, ки он имрӯз дар сархати рӯзномаҳои бонуфузи кишвар қарор дорад. Ин рӯзнома оинаи ҳаёти сиёсию иқтисодии ҷумҳурии мо ба ҳисоб меравад. Чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз рӯзнома сиёсати давлатии кишвари моро, ки барои баланд бардоштани вазъи некуаҳволии халқу мамлакат нигаронида шудааст, тарғиб менамояд. Дар ҳама давраҳои фаъолияти хеш нашрия чун минбари орзуву омол ва ормонҳои миллӣ баромад кардааст. Таърихи  “Ҷумҳурият” саршори корнамоиҳост. Зеро ҳамеша талош доштааст, ки некиро тарғиб кунаду бадиро маҳкум. Дар шароити муосири муборизаи тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ бештар маълум мегардад, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар ҳаёти ҷомеа чӣ гуна нақши бузург дорад. Инро метавон дар мисоли фаъолияти рӯзнома ва маводҳое, ки дар он нашр мешаванд ба риштаи таҳқиқ кашид.
Қонеъ будани мардум аз фаъолияти матбуот ба дараҷаи касбияти  рӯзноманигор вобастагӣ дорад. Банда ҳам аз рӯи вазифа, ҳам аз рӯи меҳр ба рӯзнома қариб ҳамаи  нусхаҳои  “Ҷумҳурият” - ро мутолиа менамоям. Аз ҳар як шумораи он ду - се матлаби хонданбоб пайдо мекунам. Хусусан, ҳаводиси рӯзро бо воқеаҳои таърихӣ муқоиса намуда, маводҳои таҳлилии омоданамудаи рӯзноманигорон барои инҷониб писанд аст.
Ногуфта намонад, ки ҳамасола коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳоров дар маъракаи обуна фаъолона иштирок намуда, махсусан ба нашрияи “Ҷумҳурият” бештар обуна мегарданд. Имсол ҳам мо аллакай обунаро ба рӯзномаи дӯстдоштаамон ташкил кардем. Тӯли  солҳои охир теъдодаш зиёд шуда, муштариёнаш дар байни омӯзгорону донишҷӯён  меафзояд.
Аз ин хотир, ман ба тамоми кормандони ин нашрияи бонуфуз, саломатӣ хоҳонам. Бигузор қаламашон ҳамеша бурро бошад. Бошад ки барои татбиқи нақшаҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софдилонаю содиқона фаъолият намоянд.  
Дилрабо  МАҲМУДОВА, 
мудири  китобхонаи коллеҷи технологии               
ба  номи  А. Қаҳҳорови  шаҳри Конибодом


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2016    №: 198    Мутолиа карданд: 10810
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед