logo

маориф

МУАЛЛИМА. БАРДОШТ АЗ РӮЗГОРИ ДОКТОРИ ИЛМИ ФАЛСАФА МУНЗИФА ҒАФФОРОВА

Мунзифа Ғаффорова зани тоҷик, олиме, ки аз сафи занҳои Осиёи Миёна аввалин шуда ба унвони доктори илми фалсафа ноил гаштааст. Профессор М. Ғаффороваро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он на фақат ба ҳайси донандаи масъалаҳои бунёдии илми фалсафа, балки ҳамчун омӯзгор ва методисти моҳир мешиносанд. Ба қалами устод ду китоби дарсӣ бо унвони «Асосҳои фалсафа» мансуб мебошанд.
Асарҳои илмии ӯ ба яке аз масъалаҳои хеле муҳими ҷомеа таҳқиқи мавқеи зан дар ҷомеа бахшида шудааст. Асари бунёдии профессор М. Қ. Ғаффорова  «Симои маънавии зан» дар доираҳои илмӣ мақоми хосаи худро дарёфтааст. Маврид ба зикр аст, ки ин асар шарҳи одии симои зани тоҷик набуда, балки дар он таҳаввулоте,  ки тӯли таърих дар олами ботинии зан рух додааст, мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор дода шудааст. Тадқиқоти профессор М. Қ. Ғаффорова нишон дод, ки симои маънавии зан зери таъсири шароитҳои таърихиву иҷтимоӣ  ташаккул ёфта, маҷмӯи нисбатан устувори хислатҳои равоние, ки дар фард ташаккул  меёбад, дарбар мегирад.
Асари илмии дигари профессор М. Ғаффорова «Занони шарқи шӯравӣ» ном дошта, соли 1987 аз чоп баромадааст. Бояд қайд намуд, ки ин асар давоми мантиқии китоби аввал буда, дар он вазъ ва омилҳои тағйирёбии симои зани тоҷик дар замони шӯравӣ тадқиқ карда шудааст. Вобаста ба мазмуну мундариҷаи ин асар ду нуктаро таъкид кардан зарур аст. Якум, бо вуҷуди бурду бохташ дар замони шӯравӣ барои ташаккули симои маънавии зани тоҷик шароитҳои муайяне фароҳам оварда шуд. Тавре муаллифи асар таъкид месозад, аз аввали барқароршавии ҳокимияти шӯроҳо занон рӯй ба дониш ва мактабу маориф оварданд. Дар натиҷа, барои ташкили таҳсилоти занон қадамҳои устувор гузошта шуд.
Дувум, дар асари мазкур М. Ғаффорова охири асри гузашта, масъалаи ба таври васеъ ба роҳ мондани бомаърифатгардонии занону духтаронро ҳамчун масъалаи калидии таълиму тарбия ба миён гузошт. Муаллиф дар китоб таъкид менамояд, ки дар оилаи тоҷик чун анъана кӯдакон қисми зиёди вақти худро дар хона ҳамроҳи модар мегузаронанд. Пас, месазад, ки мо барои маърифатнокии модарон чораҳои бетаъхир андешем. Ба гумонам дурандешии профессор Мунзифа Ғаффорова низ дар ҳамин буд, ки ӯ муаммоҳои ҷомеаро қаблан дарк намуда, барои ҳалли онҳо чораҳо андешиданро зарур мешуморид.
Муаллима ҷое гуфтаанд, ки  “ҳаёт тағйир меёбад, равандҳои нави рушди ҷомеа ва падидаҳои нав дар ҳаёти маънавӣ ба назар мерасад. Гузариш ба муносибатҳои нави иҷтимоиву иқтисодӣ дар таълими фалсафа, хоса шаклҳои шуури ҷамъиятӣ бояд инъикос ёбад. Аз ин рӯ, бо маслиҳат, бо Вера Александровна Фомина қарор додем, ки китобе бо номи «Шуури ҷамъиятӣ» нависем”.
Омода намудани китоб оғоз ёфт, аммо умр ба Вера Александровна вафо накард. Соли 2001 он бо унвони  «Шуури чамъиятӣ» (хусусиятҳои тағйирёбии он) аз чоп баромад.
Муҳтавои ин асари илмӣ ба он нигаронда шудааст, ки тағйирёбиҳои куллие ки охири солҳои 80 - ум ва аввали 90-уми асри гузашта дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ рух доданд, дар ҷомеа як қатор муаммову зиддиятҳоро ба миён оварданд ва тадқиқи онҳо барои таъмини рушди устувори ҷомеа аз аҳамият холӣ нест.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар китоб баррасӣ гаштааст, вазъи шуури фалсафӣ мебошад. Профессор М. Ғаффорова таъкид месозад, ки тӯли солиёни дароз зери таъсири  мафкураи тоталитарӣ илми фалсафа якранг инкишоф меёфт. Ин бошад, ба ҷаҳонфаҳмии одамон, хоса ҷавонон таъсири манфӣ мерасонд. Дар натиҷаи таҳлили нуктаю назарҳои гуногун, муаллиф ба хулосае меояд, ки баробари маърифати қонуниятҳои умумии рушди ҷомеа, рисолати умдаи илми фалсафа дар шароити соҳибистиқлолӣ аз вокуниши заминаҳои назариявии бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ иборат аст. Дар китоб вобаста ба ин муаммо чунин падидаҳои шуури ҷамъиятӣ ба монанди инсондӯстӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ таҳлили ҳарҷонибаи худро ёфтааст. Дар фароварди муҳокимаи ин масъалаҳои мубрами ҷомеа, муаллиф менависад, ки барои давлате, ки низои шадиди иҷтимоиву сиёсиро аз сар гузаронда, сӯи ягонагӣ, ризоият ва ваҳдати миллӣ ҳаракат менамояд, дар ниҳоди мардум ташаккул додани шуури ватанпарастӣ аҳамияти бағоят калон дорад, зеро эҳсоси ягона будани Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти он манбаи ташаккули олами ботинии инсон аст. Ва “агар ҳамин ҳисси ватанхоҳии тоҷикон намебуд, ба даст овардани ризоият ва сулҳи тоҷикон амри муҳол буд”, - хулоса менамояд муаллифи китоб. 
Расул СОЛИҶОНОВ,
доктори илмҳои фалсафа


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2016    №: 199    Мутолиа карданд: 6827
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед