маориф
ДАҲГОНАИ БЕҲТАРИН МАКОТИБИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД
8 октябр дар ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор шуд, натиҷаҳои озмуни “Даҳгонаи беҳтарин макотиби олии Тоҷикистон - 2016” эълон гардиданд.
Ҳадаф аз гузарондани озмун омӯзиши афкори омма, ҷалб намудани таваҷҷуҳи он ба нақши макотиби олии ҷумҳурӣ дар рушди маориф ва илм, вусъат бахшидан ба ҳамкориҳо бо макотиби олии кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур аз рӯйи 10 номинатсия баргузор гашта, дар он 26 донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илм, дар маросими ҷоизасупорӣ иброз дошт, ки озмун бахшида ба Ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” баргузор гашт.
Сипас, муовини вазири маориф ва илм Бозоралӣ Одиназода ғолибони озмунро эълон кард. Ҷоиза ва дипломҳоро ба ғолибон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Шариф Ҳамдампур, сармуҳаррири ҳафтавори “Тоҷикистон” супориданд.
Дар номинатсияҳои «Универсалӣ» (мавҷудияти номгӯи васеи ихтисосҳо ва дастоварҳои кул) - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, «Шароити мусоид» (фароҳам овардан барои таҳсил ва зист) - Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, «Устодони соҳибсалиқа» (соҳибтаҷрибагии омӯзгорон) - Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, «Як кас барои ҳама, ҳама барои як кас» (муттаҳидии коллективи донишҷӯён) - Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, «Рақобатпазирии мутахассисон» (талабот ба кадрҳои мактаби олӣ дар бозори меҳнат) - Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, «Илм дар амал» (татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот) - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, «Шуҳрат ва ифтихор» (дастовардҳои донишҷӯён) - Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, «Маъруфият ва робита» (ҳамкорӣ бо макотиби олии хориҷӣ) - Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, «Мавқеи фаъол» (иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ) - Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, «Пешоҳанг» (татбиқи инноватсия ва технология) - Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолиб дониста шуданд.
А. САМЕЪ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.10.2016 №: 202 Мутолиа карданд: 6473