logo

маориф

«Бинои мактабро ғасб мекунанд!»

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Панҷакент бо ин ном мактуби як гурӯҳ омӯзгорони мактаби таҳсилоти умумии № 65-и деҳаи Гулистонро, ки 21 апрели соли равон дар гӯшаи «Розу ниёз»-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» дарҷ шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Тавре дар нома зикр гашта, дар ҳақиқат, бинои баҳсӣ дар асоси қарори маҷлиси умумии аъзои хоҷагии деҳқонии «Гулистон» аз 30 апрели соли 2006-ум ба ихтиёри мактаби деҳа дода шуда, ба мувозинати ҷамоати Ворӯ гузаштааст.
Аммо масъулон 17 июли соли 2008 ин биноро ҳамчун айвони тамокунигоҳдории ҶСК «Тамоку»-и шаҳри Панҷакент ба шаҳрванд Т. Дӯсталиев фурӯхтаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба хотири омӯзиши асли воқеа ва муайян намудани соҳибмулки ҳақиқии бинои мазкур ва ба мувозинати шӯъбаи маорифи шаҳр гузаронидани он, гурӯҳи корӣ таъсис додааст.
Муроҷиати маъмурияти таълимгоҳи мазкур ҷиҳати бекор кардани шартномаи хариду фурӯши бино айни замон дар арафаи баррасии суди шаҳри Панҷакент қарор дорад. Умедворем, масъалаи мазкур бо назардошти манфиатҳои мактабу маориф  ҳал мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои ҳамчун таълимгоҳ истифода шудани бинои номбурда аз ҳамаи имконияту воситаҳои қонунӣ истифода менамояд.

Х. АБДУНАЗАРОВ, 
раиси шаҳри Панҷакент 

Сешанбе, 14 июли  соли  2009. № 89 (21 596). Соли 85-уми нашр.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5711
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед