logo

суханрониҳо

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тақдими китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», Шарм-уш-Шайх, 16 июли соли 2009

Хонумҳо ва ҷанобон!
Дӯстони гиромӣ!
Қабл аз ҳама, аз баргузории ин маросим ва эҳсосоти самимии мардуми дӯсти Миср сидқан сипосгузорам. Барои ман ҳар як боздид аз кишвари шумо, ки яке аз гаҳвораҳои тамаддуни дурахшони башарӣ ва ҳамзамон аз кишварҳои бонуфузи араб ва ҷаҳони ислом аст, лаҳзаи муҳим ва шодиву сурури ҳаёт мебошад.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба тарҷумони китоб доктор Абдулваҳҳоб Аллуб, роҳбари нашриёти «Дору-л-фикри-л-арабӣ» ҷаноби Отиф ал-Ҳазарӣ, устодони донишгоҳи Миср, мутахассисони адабиёти тоҷик доктор Ҳамдӣ ва доктор Аҳмад Сомӣ ва ҳамаи ононе, ки барои нашри китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» саҳм гузоштаанд, изҳори ташаккур менамоям.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба худшиносӣ ва барқарор намудани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест. Ин хитобаи содда, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем.
Омӯхтани таърих танҳо барои донистани гузашта нест, балки ин барои шукуфоии фардои ҳар як миллату давлат зарур аст. Яъне миллат бояд аз гузаштаи худ сабақ гирад ва дурнамои ояндаашро муайян бисозад.
Китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба ҳамин хотир таълиф гардидааст. Умедворем, ки ин асар на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми мухлисону ҳаводорони тамаддуни шарқро мамнун сохт.
Асари мазкур танҳо ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи тоҷикон ва саҳми беназири онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарӣ маҳдуд намешавад. Инчунин, дар он таърихи мардуми ҳамзабонамон ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Дар кишвари дӯсти Миср бо забони арабӣ чоп шудани ин китоб падидаи муҳими робитаҳои муосири илмиву фарҳангии ду кишвар буда, шоистаи таҳсин аст.
Шумо хуб огоҳед, ки кишварҳо ва халқҳои мо аз оғози таърихи тамаддун равобит ва пайвандҳои судманд доранд. Дар давраҳои баъдии таърих равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва пайвандҳои умумии мо густариши бештар ёфтанд. Баъди зуҳур ва интишори дини мубини ислом ин равобит ва пайвандҳо тақвияти бештар ёфтанд. Ҳам Хуросони бузург ва ҳам Миср дар бунёдгузорӣ, ташаккул ва рушди тамаддуни бузурги исломӣ нақши муҳим доштанд.
Кишварҳои мо, ки кишварҳои бостонӣ ва дорои тамаддунҳои бузурги инсонсоз мебошанд, қодиранд ҳамкории васеъ ва сатҳи муосири илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро татбиқ намоянд.
Заминаҳои он низ зиёданд. Мо дар кишвари худ шӯъбаҳои омӯзиши забони арабӣ ва мактаби шинохтаи арабшиносӣ дорем, ки корҳои зиёдро анҷом медиҳанд. Шояд дар ягон кишвари ғайриарабӣ теъдоди донандагон ва дӯстдорони забони арабӣ мутаносибан чунин зиёд набошад. Бе сабаб нест, ки мо фарҳангҳо ва дастурҳои зиёди забони арабӣ нашр менамоем ва дар телевизиони миллӣ барномаҳои хабарӣ ба забони арабӣ дохил намудем.
Муносибатҳои байнидавлатӣ, қабл аз ҳама, аз муносибатҳои байни шаҳрвандон сарчашма мегиранд. Дар ин росто нақши намояндагони доираҳои илмию эҷодӣ, ки аз фаъолият ва нерӯи созандаи онҳо пешрафти ҳар як кишвар аз бисёр ҷиҳат вобаста аст, хеле муҳим аст.
Доираҳои сиёсӣ, эҷодӣ, илмӣ ва умуман ҷомеаи кишварҳои олами араб акнун имкони густурда пайдо карданд, ки тавассути мутолиаи тарҷумаи арабии китоб аз таърихи куҳан ва саҳифаҳои пурарзиши гузаштаи миллатамон маълумот ва таассуроти нек пайдо намоянд.
Ба шарофати имкониятҳои бузурги замони истиқлолият дар 18 соли таърихи навинамон мо тавонистем ҳазорҳо саҳифаҳои пурмазмуни таърихамонро аз нав равшан созем ва ба таваҷҷӯҳи ҷомеаи худ ва аҳли назари бурунмарзӣ расонем.
Дар хотима мехостам ба ҳамаи ширкаткунандагони ин маросим сиҳатии комил, саодату хушрӯзӣ ва комёбиҳои рӯзафзун таманно намоям.
Ба кишвари дӯсти Миср ва мардуми бародар пешрафту шукуфоӣ орзумандам.
Ташаккур.

Шанбе, 18 июли  соли  2009. № 90 (21 597). Соли 85-уми нашр.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3557
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед