барқияҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 июл дар робита ба фалокати калони ҳавопаймои мусофирбар, ки 15 июл дар Теҳрон ба вуқӯъ пайваст, ба унвони Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи тасаллият фиристод
Дар барқия аз ҷумла гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ, бо камоли андӯҳу дард хабари суқути ҳавопаймои эрониро, ки муҷиби ҳалокати даҳҳо нафар мусофирони он гаштааст, дарёфт намудам.
Зимни изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ аз Ҷаноби Олӣ хоҳишмандам, ки эҳсоси дарду алами моро аз ин фоҷиа ба наздикону бозмондагони шахсони шаҳидшуда бирасонед»
Инно лиллоҳи ва инно алайҳи роҷиун.
Шанбе, 18 июли соли 2009. № 90 (21 597). Соли 85-уми нашр.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 7900