logo

номаҳо

ХОТИРАМОН МАҲЗУНТАР ГАРДИД

Чанд нафар эҷодкорон бо кайфияти том ва хуррамии табъ рахти сафари шаҳри Гулистонро бастем. Бемуҳобот, шодмониамон канор надошт. Охир, чун анъанаи нек медонистем, ки ҳамасола 22 сентябр дар қаламрави   кишвари тозаистиқлолу созандаамон  Рӯзи  асосгузори адабиёти классики форсу тоҷик, устоди забардасту ҷаҳонгир Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ васеъ ҷашн гирифта  мешавад. Баъди тай  намудани масофаи зиёд ба тарабгоҳи илҳомбахш расидем. Аммо гирду атрофи муҷассамаи Одам - уш - шуароро аз чорабинии адабии мунтазам ва ҳаводоронаш холӣ дида, диламон таҳ кашид. Хотири бе ҳамон ҳам маҳзунамонро  коғазпораҳои паҳну парешони он манзара боз ҳам маҳзунтар сохт.
Беихтиёр мурғи  хаёламон ба чаманзори ҳамин рӯзи мубораки ду сол қабл боли парвоз кушод.  Дар ин санаи муътабар иштирокдорон  аз эҷодиёти султони шоирон бо эҳсоси  эҳтирому таровати хоса шеъру ғазалҳояшро қироат мекарданд. Дар дидагони аксарияти тамошобинон анвори ифтихори беканори миллӣ аз соҳибият  ба чунин сухангустари бузург медурахшид. Аз шукӯҳу   шаҳомати ин чорабинӣ пиру барно завқ мебурданд. Он замон ба рушди фарҳанг, гузарондани шабҳои эҷодии шоирон, таҷлили муҳташами ин ҷашнвораи оммавӣ аҳамияти махсус дода мешуд. Навқаламон аз эҷодиёти хеш чакидаҳои хомаашонро пешкаши мухлисони каломи бадеъ менамуданд.
Дар раванди суҳбати сарироҳӣ фаҳмидем, ки санаи 21 сентябр дар кохи Истиқлоли шаҳри Гулистон бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ  чорабинии кӯчаке бо ҷалби 40-50  нафар мактабхонҳо ба вуқӯъ   пайвастааст. Ҳайрониамонро боз  далели дигаре афзуд. Бо иттиллои хабарнигорон дар шаҳр ду сол инҷониб Рӯзи матбуоти тоҷик низ аз доираи истиқбол берун мондааст. Ин, албатта, аламовару ҳузнангез аст.
Муҳаммадшарифи БОБОШАРОФ, шаҳри Гулистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2016    №: 206    Мутолиа карданд: 9912
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед