маориф
МАЪНИИ ЗИНДАГӢ. БАРДОШТЕ АЗ РӮЗГОРИ МУАЛЛИМ ҲОШИМҶОН ИБРОҲИМОВ
Ӯ аз зумраи омӯзгоронест, ки умри бобаракати худро сарфи таълиму тарбия намуда, миёни мардум обрӯву эътибори хосаро соҳиб шудааст. Фаъолияти омӯзгориашро баъди хатми Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров) аз мактаби № 4 - и ноҳияи Вахш оғоз намудааст. Баъди ду соли фаъолият дар ин мактаб, корашро дар мактаби № 5 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров идома дод ва то имрӯз дар ин даргоҳ ба ҳайси омӯзгори фанни кимиё фаъолият дорад.
Ҳошимҷон Иброҳимов тӯли фаъолияти бисёрсолаи худ дар ин даргоҳ на танҳо шогирдони зиёд тарбия намуд, балки ба раванди таълим навоварии зиёд ворид сохт. Соли 1988 - ум 21 нафар довталабро барои шомил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино омода намуд, ки аз ин шумора 18 нафарашон ба донишгоҳ дохил шуда, сазовори номи донишҷӯ гардиданд. Баъдтар бо назардошти ин таҷриба ва потенисали илмии омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино маркази омодагии қаблӣ ташкил гардид. Марказ то ба имрӯз фаъолият намуда, ба натиҷаҳо дилхоҳ ноил гаштааст. Дар соли 2011 аз 80 нафаре, ки дар курси омодагӣ барои шомил шудан ба донишгоҳ таҳсил мекарданд 67 - нафарашон сазовори номи донишҷӯ шуданд. Дар солҳои баъдӣ низ аз рӯи ин усул чандин нафар ба донишгоҳҳои тиббӣ, миллӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар шомил гардиданд.
Ҳ. Иброҳимов ба илм рағбати зиёд дорад. Муаллифи ду китоб - «Рушду нумӯи илм дар давлати Сомониён» ва «Пояи илми кимиё дар манзумаҳои Мирзо Абдулқодири Бедил» мебошад.
Ҳамчунин, дар таълифи китобҳои дарсии «Химия» барои синфҳои 8 - 9, «Китоби хониш аз фанни химияи ғайриорганикӣ» қисми 1 «Намунаи ҳалли масъалаҳои химиявӣ» қисми 1 – 2, дастури методӣ «Тест аз фанни химия барои синфҳои 9 – 11 » низ саҳм гузоштааст.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.10.2016 №: 206 Мутолиа карданд: 6232