маориф
РАШТ. МУШКИЛОТИ ҲУНАРОМӮЗОН БАРТАРАФ ГАШТ
Дар навоҳии кӯҳистони водии Рашт аз ҷониби роҳбарияти ноҳияҳо ва бахшҳои фарҳанг ба масъалаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагию бофандагӣ, ҳунари рассомӣ ва хунёгарӣ тадбирҳои судманд амалӣ карда мешавад.
Тавре ки Далер Умаров, мудири қисми илмии Муассисаи давлатии таълимии бачагонаи санъати ноҳияи Рашт, иттилоъ дод сафи довталабон ба гурӯҳҳои омӯзиши муассисаи мазкур аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия рӯз то рӯз афзуда истодааст. Ҳоло беш аз 73 нафар хонандагон ба 6 гурӯҳи омӯзишӣ ҷалб карда шудаанд. Дар арафаи таҷлили Ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бинои наву замонавӣ таъмин гардида, бо таҷҳизоти омӯзишӣ таҷҳизонда шуд. Дар бинои мазкур 6 синфхона барои гузарондани машғулиятҳои ҳунаромӯзӣ ҷудо гардидааст. Фаъолияти муассиса тибқи барнома роҳандозӣ гардида, таълим дар гурӯҳҳои он муддати 5 сол сурат мегирад. 9 нафар омӯзгори соҳибихтисос низ ба ҳунаромӯзон машғулият мегузаронанд. Таълим дар ин муассиса тариқи инфиродӣ ба роҳ монда, ҳунаромӯзони бахшҳои 4 ва 5 имтиҳон месупоранд. Хонандагон баъди дарсҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамарӯза дар ин марказ ба машғулият фаро гирифта мешаванд.
Беш аз 45 нафар духтарон аз соли 2007 муассисаро хатм намуда, айни ҳол 5 нафар дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, 3 нафар дар Донишкадаи давлатии дизайн ва санъати тасвирӣ, 2 нафар дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил доранд. Ҳамчунин 1 нафари дигар дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия ба хонандагони муассисаи таълимии ибтидоӣ дарс медиҳад.
Соли ҷорӣ барои харидории асбобҳои мусиқӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилии муассиса 5000 сомонӣ ҷудо гардид. Аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 адад асбоби мусиқӣ, аз қабили 1 рубоби қошғарӣ, 2 тор, 1 думбураи дароз ва 4 думбура оварда шудааст. Мушкилӣ танҳо дар норасоии тахтаҳои рассомӣ мебошад. Баҳри бартараф намудани ин мушкилӣ аз ҷониби роҳбарияти муассиса ба Вазорати фарҳанг дархост пешниҳод карда шудааст. Умед аст, ки масъалаи мазкур низ бартараф мешавад.
- Ноҳияи Рашт аз қадим дорои мактаби мусиқӣ ва ҳавзаи адабии хеш буд. Мардуми ин минтақа табиатан боистеъдод ва хеле ҳунарманданд. Ҳаводорони омӯзиши фарҳанг ва ҳунарҳои миллӣ аз ҳисоби ҷавонону наврасон ҳанӯз ҳам зиёданд. Хушбахтона ба шарофати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар тамоми мушкилоти соҳа, ки боиси монеаи рушд мегашт, бартараф гардид. Ба нақша гирифтаем, ки шумораи гурӯҳҳои омӯзишӣ ва сафи ҳунаромӯзонро дар оянда зиёд намоем. Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон кӯшиш дорем, ки ҳамкории ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо муассиса ба роҳ монда шавад, - гуфт дар хотимаи суҳбат Далер Умаров.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.2016 №: 207 Мутолиа карданд: 6328