маориф
РИСОЛАТИ САРВАРӢ. СУХАН ДАР БОРАИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ МЕРАВАД
Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти халқи соҳибфарҳанги мо таҳаввулоти азимеро ба вуҷуд овард. Он масири худшиносию худогоҳӣ ва худҷӯиро боз намуда, имконоти васею густурдаро ҷиҳати такмили андешаву афкор бароямон фароҳам овард ва роҳандозии ғояҳои навро дар ҳама соҳаҳои иҷтимоъ, аз ҷумла дар бахши маориф ва илм аз масъулин тақозо менамояд.
Аз ин мавқеи назар, фарҳангиёнро рисолат ин аст, ки тадқиқотро роҷеъ ба омӯзиш ва парвариши насли наврас, дар заминаи арзишҳою ормонҳои миллӣ ба роҳ монда, аз навовариҳои низоми таҳсилот, кашфиёт ва ихтирооти илму технологияҳои нав дар миқёси ҷаҳон бархӯрдор бошанд, зеро тараққиёт ва бозёфтҳо дар ин самт суръат ёфта истодаанд. Бинобар ин, такмили ихтисос ва ба ин васила аз бар намудани методҳои муосири таълими кредитӣ, модулӣ, фосилавӣ ва ғайра масъулияти кормандони соҳаи маориф – хоса сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олиро меафзояд. Гузашта аз ин, насли ояндасози кишвар бояд асолати азалии хешро дарк намуда, дар замоне ки сару садоҳои фаровоне дар асоси нақшаҳои тарҳрезишуда ҷиҳати созмон додани иттиҳодияву гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори экстремистӣ, дар фазои фаромиллӣ ба воситаи шабакаҳои махсуси таблиғотии ҷараёнҳои ифротгароии интернетӣ дар ҳама ҷо паҳн мегардад, ба ҳам омада, зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи халқу Ватани маҳбуб саъю талош варзанд. Дар ин росто, маълум аст, ки ҳидоятгари насли созандаю бунёдкор, дар қатори дигар ниҳодҳо - оила, ҷомеа, давлат ин муассисаҳои таълимӣ дар шахсияти сарвар ва омӯзгорон ба шумор мераванд.
Бо дарназардошти вазъияти феълӣ такмили дониш, тахассус ва усули роҳбарии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар ин замина аз бар намудани ҳунари сарварӣ василаи муҳими рафъи мушкилот дар самти беҳдошти сифати таҳсилот ва дар маҷмӯъ рушди муассисаҳои таълимист.
Манзур аз андешаҳои боло ин аст, ки дар замони таҳаввулот дар низоми таҳсилот, сарвари муассисаи таълимӣ бояд фарогири беҳтарин унсурҳои роҳбарӣ бошад, то ки дар муқовимат ба дигаргуниҳои куллии соҳа аз мушкилот наҳаросида, барои инкишоф ва тараққии он назари тозаю фаррох дошта бошад.
Омӯзгор аз синни хурдӣ насли ояндаро дар роҳи шинохти олами маърифат раҳнамоӣ намуда, онҳоро бо офаридаҳои фарҳангӣ ва маънавӣ ошно месозад. Табиист, ки ин кори заҳматталаб аз муаллим фидокорӣ, заҳмату меҳнати сангинро талаб менамояд.
Шахсияти ҳушманду фаъол, набзи ҷомеаро аз дидгоҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба хубӣ эҳсос намуда, ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандони халқ саъю талош меварзад, то ки онҳо аз падидаҳои ҳатарзои ҷомеаи муосир - иттиҳоду гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии экстремистию ифротгаро ҳифз шуда, дар амон бошанд. Ҳамзамон, толибилмонро ҳушдор менамояд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба олами фарҳанги миллию умумибашарӣ бо тафаккури созанда ворид гарданд.
Муассисаи таълимӣ ҳамеша ба муҳити солими педагогию психологӣ ниёз дорад. Фаъолият, сатҳи муоширати ҳайати омӯзгорону хонандагон, вазъияти таълиму тарбия дар муассиса ва ғайра ба фазои педагогию психологии он зич алоқаманд аст. Чунин муҳит он гоҳ эҷод мешавад, ки ҳар як муаллим ва ҳар як хонанда вазифаи худ - мутолиаи васею доманадорро роҳандозӣ намоянд. Ташкили ҳама гуна озмунҳои фаннӣ, баргузории санаҳои муҳими таърихӣ дар шакли конференсияю маҷлисҳои илмӣ, ба роҳ мондани робитаи манфиатбахши тарафайн миёни ҳайати омӯзгорону волидайни хонандагон ва ғайра ҷузъиётеанд, ки барои эҷоди муҳити солим манфиатбахшанд.
Маълум аст, ки дар раванди таҳсилот дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, ин раванд муттасил идома дорад. Аз ҳамин сабаб, сарвари муассисаи таълимӣ дар ин ҷода бояд пешсаф бошад. Ӯро зарур аст, ки дар заминаи донишпарварӣ ва тафаккури миллӣ дар ҷодаи сарварӣ созандагӣ намояд. Навоварӣ сифати дигари муҳим ба шумор меравад. Роҳбарро лозим аст, ки аз навгониҳо илҳом гирифта, дар заминаи навовариҳои илмию методӣ ва таълимию тарбиявӣ мутобиқ ба шароити муассиса онҳоро татбиқ намояд.
Ҷасорат дар ҳалли масоили мубрами таълимӣ, тарбиявӣ ва ғайра барои сарвар хеле ҳам манфиатбахш аст, хоса ҳангоме, ки фикру ақидаи ҳайати омӯзгорон ба инобат гирифта мешавад, яъне ин сифат имкон фароҳам меорад, ки муассиса аз вазъи сарбаста раҳо ёбад.
Хоналӣ ҚУРБОНЗОДА,
ректори ДҶТИБКСМ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.10.2016 №: 207 Мутолиа карданд: 6516