маориф
ДАРГОҲИ УМЕД
Мактаб - интернати кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод яке аз калонтарин муассисаҳои парастории кӯдакони камбизо-ат мебошад. Дар ин даргоҳ даҳҳо кӯдакони оилаҳои ниёзманд ба ҷуз аз навоҳии водии Рашт, инчунин аз шаҳру навоҳии Душанбе, Кӯлоб, Данғара, Ҳисор, Ваҳдат ва Рӯдакӣ таълиму тарбия мегиранд.
Дар суҳбат бо мо директори мактаб - интернати мазкур Афзалшо Раҳматуллоев аз он изҳори хушҳолӣ намуд, ки имсол 8 нафар хатмкунандаи ин муассиса, аз ҷумла 3 нафар тариқи квотаи ҷудонамудаи Прези-денти мамлакат ба мактабҳои олӣ ва 6 нафар ба техникуму коллеҷҳо дохил шудаанд.
Имсол биноҳои таълимӣ ва хобгоҳ, ки аз се ошёна иборат мебошанд, аз таъмири хушсифат бароварда шуданд. Инро мо ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти мактаб-интернат мушоҳида намудем. Ростӣ, сифати таълим, ҷараёни дарсҳо, интизоми хонандагон ва тозагию тартиботи он аз аксар муассисаҳои таълимии дигар тафовут дорад. Зимни мулоқот мо аз чеҳраҳои хандону самимии духтарону писарон эҳсос намудем, ки аз шароити мусоиди зист ва имконоти хуби таҳсил қаноатманданд.
Мактаб - интернати кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод соли 1954 дар базаи мактаби № 1-и ноҳия таъсис шуда, соли 1997 бо мақсади дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷики-стон ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим табдил шуд.
Мактаб – интернат барои 200 нафар сохта шуда, айни ҳол дар он 208 нафар, аз ҷумла 151 нафар писар ва 57 нафар духтар таълиму тарбия мегиранд. Ба таълиму тарбияи онҳо 21 нафар омӯзгор ва 13 нафар мураббиён машғуланд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.10.2016 №: 208 Мутолиа карданд: 6427