маориф
МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ. АЗ ОВОЗА ТО ҲАҚИҚАТ
Таҷрибаи бисёр давлатҳои мутараққӣ нишон дод, ки ташаккул додани соҳаи маориф воситаи мухимтарини болоравии донишу маърифати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти ин дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ соли 2014 Маркази миллии тестӣ таъсис дода шуд, ки як рӯйдоди муҳим ба шумор меравад. Аммо бархе аз довталабони мо ба ин нигоҳи хушбину дурбин надоранд. Вақте ба сафҳаҳои интернетӣ назар мекунем мебинем, ки бархе аз довталабон перомуни марказ суханҳои беасос баён намудаанд, ки ин далели назари воқеъбинона надоштани онҳост.
Зеро қабл аз ҳама бояд дарк кард, ки эҷод намудан ва ба роҳ мондани усулҳо ва механизмҳои нави ҷалбкунанда ва ҳавасмандкунанда дар соҳаи маориф ва илм баҳри пойдорӣ ва тараққиёти кишвар хеле муҳим мебошад. Чунин механизмҳо дар дигар давлатҳои пешрафта ҳатто дар боғчаи бачагон ба роҳ монда шуда, қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути мутамарказонидани имтиҳонҳои дохилшавӣ пеш аз ҳама, ҳамчун василаи асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мониторинги он, арзёбии объективонаву одилонаи дониши довталабон ва паст кардани сатҳи коррупсия дар соҳаи маориф дониста мешавад.
Бо назардошти танзим, инчунин таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии раванди ҷалбсозии довталабон ба илму маориф ва таҳсилоти олии касбӣ Маркази миллии тестӣ таъсис дода шудааст. Мавҷудияти ин марказ тақозои замон буда, дар сиёсати омодасозии мутахассисони касбӣ нақши муассир мебозад.
Ҳарчанд, ки технологияи навин, аз ҷумла интернет кори инсонҳоро хеле осон мекунад, аммо бархе аз сабаби мафкураи танг доштанашон аз интернет самаранок истифода набурда, баръакс суханҳои беасос ва дар мизони ақл санҷиданашударо иншо менамоянд, ки албатта ин амали онҳо шаҳрвандони хушбинро сахт нороҳат мекунад. Вақте ки шахс суханҳои беасоси онҳоро дар мавриди Маркази миллии тестӣ мехонад, аз ноогоҳиву тангназарии онҳо сахт андуҳгин мешавад.
Мо чор нафар духтарон аз ноҳияи Масчоҳ бо нияти дар оянда донишҷӯ шудан пас аз маслиҳату андешарониҳои зиёд моҳи сентябри соли 2015 ба шаҳри Душанбе ба Маркази миллии тестӣ омадем. Корманди маркази тестӣ Маҳмадалӣ Раҳмонов моро пешвоз гирифт. Зимни суҳбат мо ба ӯ гуфтем, ки донишҷӯ шудан мехоҳем, аммо нисбати маркази тестӣ мардум дар сафҳаҳои интернет фикру андешаҳои бад доранд. Чӣ кор кунем, ки донишҷӯ шавем. М. Раҳмонов тартибу қавоиди дохилшавиро ба мо муфассалан фаҳмонда, таъкид намуд, ки аз интернет намунаи суолҳоро дастрас карда, дуруст омода шавем.
Аз ҷумла ӯ гуфт, ки усули қаблии қабули довталабон ба муассисаҳои олии кишвар нигаронкунанда буд. Зеро дастрасии нобаробар ба таҳсилоти олӣ, имкони рух додани кирдорҳои коррупсиониву ришваситонӣ ва мушкилу заҳматталаб гардондани назорати раванди қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зарурат ва муҳимияти фаъолияти ин марказро ба миён овард. Имрӯз марказ ҳамчун механизми адолатпарвар тамоми довталабонро бо принсипи ягона, ки он дониш мебошад, қабул менамояд.
Мо чор нафар тестҳоро аз сафиҳаи интернетӣ гирифта, як сол омодагӣ дидем ва гуфтаҳои Маҳмадалӣ Раҳмоновро гаштаю баргашта ба хотир меовардем. Пеши худ мақсад гузоштем, ки агар таввассути ин тестҳо дар сафҳаи интернетӣ паҳншуда муваффақ нашавем, пас суханҳои дар сафҳаҳои интернет навишташуда дуруст аст. Моҳи июли соли ҷорӣ аз имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ бо саводи худамон гузашта, ба донишгоҳҳои интихобкардаамон дохил шудем ва имрӯз донишҷӯ ҳастем. Ба таваҷҷуҳи тамоми довталабон меросонем, ки дар Маркази миллии тестӣ ғайри дониши мустаҳкам дигар чизе ба кор намеравад.
Замира АБДУСАЛОМЗОДА,
донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи давлатии омӯзгории
Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.10.2016 №: 209 Мутолиа карданд: 6853