маориф
МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БОЯД САЗОВОР БОШЕМ
Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хоруғ соли 2011 дар яке аз мавзеъҳои беҳтарини шаҳр, бо харҷи беш аз 31 миллион сомонӣ ва барои 1280 нафар хонанда бо сатҳу сифати баланд бунёд гардидааст. Боиси ифтихори ҳамаи мо омӯзгорон ва шогирдони мактаб аст, ки дар маросими ифтитоҳи он бевосита худи Президенти кишвар ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
Сарвари муҳтарами давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки “мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ дар ояндаи наздик ба яке аз марказҳои намунавии таълиму тарбияи толибилмони кишвар табдил меёбад. Мо аз наврасону ҷавонони имрӯза, аз ҷумла ҷавонони Бадахшон, умеди зиёд дорем, зеро онҳо ояндаи Ватан ва созандагони фардои сарзамини аҷдодии мо мебошанд”.
Муассисаи таълимӣ мақоми ҷумҳуриявӣ дошта, дар он хонандагони болаёқат аз шаҳру навоҳии ВМКБ ва берун аз он ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Таълим дар муассиса ба се забон - тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло дар мактаб 900 нафар хонанда таҳсил менамоянд. Хонандагони мактаб дар 13 гурӯҳи таҳсилашон ба забони русӣ, 2 гурӯҳи таҳсилашон ба забони англисӣ ва 19 гурӯҳи таҳсилашон ба забони тоҷикӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.
Дар ин муддат ҳамасола то 96 - 98 дарсади хатмкардагони мактаб ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он дохил мешаванд. Аз ҷумла, хатмкунандагони мо айни ҳол дар Полша, Русия, Амрико, Индонезия, Ҳиндустон, Эрон, Чин, Туркиё, Қазоқистон ва Қирғизистон таҳсили худро давом дода истодаанд. Хонандагони мактаб дар давоми 5 сол соҳиби 7 медали тилло, 13 - нуқра ва 15 - биринҷӣ гардида, 15 нафар узви вобаста ва 10 нафар узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
Умуман, шароити барои омӯзиш мусоиди муассиса мо, омӯзгорон ва толибилмони мактабро муваззаф месозад, ки дар ҳамаи самтҳо ба натиҷаҳои беҳтар ноил гардида, ба он муваффақ гардем, ки мактаби мо, ки номи президентиро дорад, ҳамеша дар қатори беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии вилоят ва кишвар бошад.
Айниддин СОМИДДИНОВ,
ҷонишини директори мактаби президентии шаҳри Хоруғ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.10.2016 №: 211 Мутолиа карданд: 6249