logo

илм

ЗАКАРИЁИ РОЗӢ. ШИНОХТИ ШАХСИЯТ ВА ОСОРИ Ӯ ДАР ТОҶИКИСТОН

Донишманду табиб ва табиатшиноси барҷаста Абубакр  Муҳаммад Закариёи Розӣ (865 – 925) аз зумраи он нобиғаҳоест, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ саҳми калон гузоштаанд. Асарҳои тиббии ӯ «Ал - ҳовӣ», «Тибби Мансурӣ» мисли «Ал-қонун» - и Абуалӣ ибни Сино асрҳо дастури табибони Шарқу Ғарб буданд. Дастовардҳои илмии ӯ дар соҳаҳои физика, риёзиёт, фалсафа ва амсоли инҳо то имрӯз арзиши илмии худро гум накардаанд.
 
Дар бораи аҳволу осори Муҳаммад Закариёи Розӣ дар сарчашмаҳои зиёди таърихӣ маълумот дода шудааст. Ҳанӯз дар асри Х Ибни Надим дар асари маъруфи худ «Ал-Феҳрист» роҷеъ ба Закариёи Розӣ сухан ронда, муҳимтарин асарҳои ӯро зикр намудааст. Абуалӣ  ибни Сино дар «Донишнома» ба осори  ӯ ишораҳо кардааст. Абурайҳони Берунӣ дар «Рисолат ли - л Берунӣ фӣ феҳристи кутуб Муҳаммад Закария ар - Розӣ» шарҳи рӯзгор ва номгӯи осори  мутафаккирро зикр намудааст. Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Котибии Хоразмӣ, Алии Байҳақӣ, Носири Хусрав, Ибни Қифтӣ, Ибни Халликон, Фахриддини Розӣ ва дигар донишмандони маъруфи Шарқ ба осори ӯ баҳои баланд додаанд. Аҳволу осори Закариёи Розӣ таваҷҷуҳи муҳаққиқони зиёди Ғарбро низ ҳанӯз дар асрҳои миёна ҷалб намуда буд. Вале дар Тоҷикистон таҳқиқи илмии рӯзгору осори ӯ дар асри ХХ шурӯъ шудааст.
Яке аз аввалин донишмандоне, ки дар бораи Закариёи Розӣ, бахусус андешаҳои фалсафии ӯ таваққуф намудааст, файласуфи шинохтаи тоҷик А. Баҳоваддинов мебошад. Ӯ дар асари бунёдии худ «Очеркҳо оид ба таърихи фалсафаи тоҷик», ки соли 1961 ба табъ расидааст, зимни баррасии афкори ҷамъиятиву сиёсӣ ва фалсафии халқи тоҷик дар асрҳои VIII-X роҷеъ ба таъсири калони мутафаккири бузург Абубакр Закариёи Розӣ ба ҳаёти маънавии замонаш ишора намуда, мақоми ӯро дар пешрафти илмҳои гуногун таъкид мекунад ва аз ҷумла асарҳои маъруфи тиббии ӯро ёдовар мешавад.
Файласуфи дигари маъруфи тоҷик, ки ин суннатро бомуваффақият идома додааст, академик М. Диноршоев мебошад. Ӯ дар ин хусус асари ҷудогонаеро таҳти унвони «Фалсафаи плюрастии Абубакри Розӣ» ба табъ мерасонад. Ин асар, бешубҳа, яке аз муҳимтарин дастовардҳои донишмандони тоҷик дар шинохти Закариёи Розӣ ва афкори фалсафии ӯ ба шумор меравад.
Яке аз аввалин асарҳое, ки ба баррасии аҳволу осор ва афкори Закариёи Розӣ бахшида шудааст, мақолаи Ғ. Ашӯров «Муносибати  Носири Хисрав ба Абубакри Розӣ» мебошад. Дар асари дигари ӯ «Ақидаҳои фалсафии Носири Хисрав» низ зимнан дар мавридҳои гуногун ба андешаҳои фалсафии Закариёи Розӣ ишора шудааст.
Файласуфи тоҷик Комил Бекзода дар мақолаи «Масъалаи нафс дар фалсафаи Муҳаммад Закариёи Розӣ» як мавзӯи мушаххаси афкори фалсафии мутафаккирро мавриди баҳс қарор дода, мушоҳидаву мулоҳизаҳои тоза баён кардааст. Ӯ ҳамчунин андешаҳои фалсафии Закариёи Розиро бо афкори фалсафии Афлотун ва дигар файласуфони Юнони бостон муқоиса намуда, ба натиҷае мерасад, ки миёни онҳо дар масъалаҳои умумифалсафӣ тафовут ба назар мерасад ва андешаҳои Закариёи Розӣ бештар ҷанбаи воқеӣ дошта, аз хурофот дуранд.
Ин мавзӯъ дар мақолаи А. Шарипов «Муносибати Абубакри Розӣ ба дин» низ мавриди баҳс қарор гирифтааст. Дар мақолаи Н. Қулматов «Сирати ахлоқии Абубакри Розӣ» масъалаҳои ахлоқӣ дар фалсафаи мутафаккир баррасӣ шудааст.
Дар воқеъ дар осори фалсафии Закариёи Розӣ масъалаҳои ахлоқӣ мавқеи баланд доранд. Ӯ тарбияи инсонро аз вазифҳои асосии фалсафа ва ҳакимону донишмандон медонад. Аз ин ҷост, ки  муҳаққиқони тоҷик дар осори худ ба масоили ахлоқии афкори фалсафии мутафаккир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудаанд. Аз ҷумла,  С. Ҳайдарова дар асарҳои «Ҷаҳонбинии Абубакри Розӣ ва мақоми он дар фалсафаи тоҷик», «Гуманизми Абубакри Розӣ», «Умумият ва тафовути ахлоқи Розӣ ва Ғазолӣ» андешаҳои ахлоқии мутафаккирро бо ҳамрӯзгоронаш мавриди таҳлил қарор додааст ва хеле судманду муҳим будани онҳоро таъкид кардааст.
Дар асари З. Хуррамов «Андешаҳои омӯзгории башардӯстӣ дар осори  классикони адабиёти тоҷик» низ таҳлили баъзе масъалаҳои ахлоқии осори мутафаккир ба назар мерасад. Таҳлили андешаҳои ахлоқии Закариёи Розӣ дар мақолаҳои А. Шамолов «Тибби рӯҳонии Абубакри  Розӣ» ва М. Исоев «Умумият ва тафовути ахлоқи Розӣ ва Мискавойҳ» ҳам сурат гирифтааст.
Дар асарҳои М. Осимӣ «Абуалӣ ибни Сино ва тамаддуни ҷаҳонӣ», Ф. Сироҷов «Сайри ҳикмати Юнон ба Шарқ», Т. Муродова «Фалсафаи Носири  Хисрав (дар асоси «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн»), мақолаи К. Аскардаев «Таърихи фалсафаи тоҷик» ва амсоли онҳо дар радифи масъалаҳои гуногуни фалсафӣ ишораҳо ба андешаҳои ахлоқии Закариёи Розӣ низ ба назар мерасад.
 Роҷеъ ба саҳми Абубакри Розӣ дар илми физика Абдулҳай Комилӣ як силсила асарҳо офаридааст, ки «Абубакри Розӣ – физик», «Дар бораи мероси физикии Абубакри  Розӣ», «Саҳми Абубакри Розӣ дар рушди илми физика дар Шарқи асримиёнагӣ», «Физикаи ар-Розӣ ва Ибни Сино», «Физикаи Абубакр ар-Розӣ», «Закариёи Розӣ ва «Тарозуи физикӣ» - и ӯ», «Таълимоти Абубакри Розӣ дар бораи фазо, замон, материя ва атомистика» аз он ҷумлаанд. 
Муҳаққиқони тоҷик роҷеъ ба саҳми Закариёи Розӣ дар рушди илми кимиё низ таҳқиқот гузаронда, кашфиёти ӯро дар ин соҳаи илм ёдовар шудаанд. Мақолаҳои илмии Б. Қурбонов, З. Юсуфов, Г. Наврӯзов «Саҳми Закариёи Розӣ дар пайдоиши асосҳои кимиёи амалӣ» ва Б. Қурбонов, З. Юсуфов «Кимиёи таҷрибавии Закариёи Розӣ» аз он ҷумлаанд.
Хидмати Абубакри Розӣ дар пешрафти илми тибби ҷаҳонӣ хеле бузург аст. Ҳарчанд асарҳои тиббии ӯ дар ҳамаи кишварҳои мутараққии олам машҳуранд ва асрҳост, ки дастури табибони Шарқу Ғарб мебошанд, вале ҳанӯз муҳаққиқон ба таҳқиқу таъйини мақоми волои ӯ дар ин соҳа напардохтаанд. Танҳо дар зимни  асарҳои М. Ғуломов, Ю. Исҳоқӣ, А. Қаҳҳоров, З. Раҳимов, Ю. Нуралиев, И. Соатов, С. Нодирӣ ва амсоли онҳо, ки ба масъалаҳои гуногуни тиб бахшида шудаанд, ба кашфиёту дастовардҳои ин табиби оламшумули тоҷику форс ишораҳо мавҷуданд. Дар асари маъруфи «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров, китоби бисёрҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик», асарҳои Н. Неъматов, А. Мухторов, Р. Масов, Ю. Ёқубов, Ҳ. Назаров, А. Ҷалилов, С. Мухторов, Н. Амиршоҳӣ ва дигарон низ дар ин мавзӯъ ишораҳо ба назар мерасанд.
Дар тарҷумаи осори Закариёи Розӣ хидмати академик М. Диноршоев ва доктори илмҳои филологӣ Тоҷиддин Мардонӣ шоистаи таҳсин аст. Маҳз бо кӯшиши онҳо бори аввал «Тибби рӯҳонӣ» аз забони арабӣ ба забони русӣ баргардонда шуд. Ба забони тоҷикӣ бори аввал «Мунтахаби осор» - и Закариёи Розӣ соли 1989 нашр гардид, ки ин ба шинохти бештари мардуми тоҷик бо намунаҳои осор ва андешаҳои мутафаккири бузург мусоидат намуд.
Ба ифтихори ҷашни 1150 - солагии зодрӯзи Абубакр Закариёи Розӣ рисолаи Абдулҳай Комилӣ «Зиндагиномаи Муҳаммад Закариёи Розӣ» ба табъ расид, ки шарҳи ҳолу осори мутафаккирро дар бар мегирад.
Ба муносибати ҷашн, ҳамчунин рисолаи академик Кароматулло Олимов ва Кишвар Аскардаев  «Абубакр Закариёи Розӣ донишманди оламшумул» чоп шуд, ки ҳадафи он ошноии мухтасар бо замон, рӯзгор ва осори мутафаккир мебошад.
Китоби тозанашре, ки дар остонаи ҷашн манзури хонандагон гардид, рисолаи Муҳаммад Абдураҳмон ва Хайриддин Идиев «Абубакр Закариёи Розӣ» мебошад. Дар ин асари пурмуҳтаво масоили зиёди иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқӣ ба далелҳои қотеъ аз осори Закариёи Розӣ матраҳ шудаанд, ки имрӯз ҳам барои ҷомеаи башарӣ судманданд.
Шариф КОМИЛЗОДА,
Мирзо МУЛЛОАҲМАД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2016    №: 211    Мутолиа карданд: 28253
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед