logo

мулоқотҳо

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев

18 июл Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ипподроми шаҳри Маскав дар мусобиқаи пойгаҳ барои гирифтани ҷоизаи Президенти Федератсияи Русия иштирок намуд.
Барои назорат аз ҷараёни ин мусобиқот ва доир намудани мулоқотҳои муҳими дуҷониба дар ин ҷо сарони 8 давлат ҳузур доштанд.
Зимни мулоқот бо Дмитрий Медведев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили вобаста ба омодагӣ ба сафари кории пешомади Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Русияро, ки тирамоҳи соли равон ба вуқӯъ хоҳад пайваст, баррасӣ намуд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки зимни ин сафарҳо муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар ба сатҳи боз ҳам баланд бардошта мешаванд ва пайомадҳои онҳо ба ҳаллу фасли мушкилоти ҷиддии минтақавӣ низ мусоидат мекунанд.
Сарони ду давлат умедвории зиёди худро аз мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон, ки ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт, таъкид намуданд.
Пурра ба истифода супурдани Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», ки ба гуфти сарони ду давлат, аз бузургтарин лоиҳаҳои инвеститсионии бурунмарзии Русия аз замони пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аст, нишонаи оғози марҳилаи нави ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Русия маънидод гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи авзои кунунии Афғонистону Покистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Бояд ёдовар шуд, ки Сардори давлат    Эмомалӣ Раҳмон ин ва дигар масоили ҳамкории Тоҷикистону Русияро ҳамчунин 14 июл зимни сӯҳбати телефонии худ бо Дмитрий Медведев аз  шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Мисри Араб баррасӣ намуда буд.
 Дар шаҳри Маскав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намояндагони доимии вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия ва созмонҳои минтақавии қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият мекунанд, машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба иҷрои натиҷаҳои мулоқоти Президенти мамлакат бо тоҷикону ҳамватанони муқими Русия, ки чанде пеш дар шаҳри Екатеринбург сурат гирифта буд ва масъалаи пуштибонии шоиста аз манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар ин кишвари паҳновар баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки намояндагони ваколатдори Тоҷикистон аз мушкилоту эҳтиёҷоти шаҳрвандони давлати худ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, бояд пайваста огоҳ бошанд ва  баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо оид ба иҷрои содиқона ва бо масъулияти вазифаҳои давлатию шаҳрвандиашон дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1823
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед