маориф
ДОНИШГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. ДОНИШҶӮЁН АЗ ДАСТГИРИҲОИ ҲУКУМАТ МИННА-ТДОРАНД
Дар доираи ҳамкориҳои судманди кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва дастгирии моли-явии Бунёди Оқохони 4 – ум дар шаҳри Нарини Ҷумҳурии Қирғизистон аввалин кампуси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ифтитоҳ ёфт.
Ба қавли доктор Богдан Кравченко, директори генералии муассиса, дар донишгоҳ аксари донишҷӯён аз имтиёзҳои муқарраршуда бархӯрдоранд. Шароити будубоши таълимгирандагон ҳам мувофиқи талаботи за-мон муҳайё карда шудааст.
Ба гуфтаи Бернадетт Дин, ноиби декани бахши илмҳои дақиқ ва гуманитарии донишгоҳ, аз 71 нафар до-нишҷӯй, ки имсол ба ин даргоҳи илм шомил шуданд, 35 нафари онҳо тоҷиканд. Тоҷикон дар ҳама бахшҳо фаъол мебошанд. Наҷмия Абдураҳмонова, Аниса Абдуллоева, Озар Айнӣ, Нозанин Саъдуллоева, Рухмина Умроншоева ва Эраҷ Узоқов донишҷӯёни тоҷик аз пешқадамони гурӯҳи хеш мебошанд. Эраҷ Узоқов аз зу-мраи беҳтарин донишҷӯён буда, дар маросими кушодашавии донишгоҳ дар сафи пеши иштирокдорон буд.
- Бо шарофати дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муносибатҳои дӯстонаи мамлакатҳои мин-тақа имрӯз мо ҷавонон шароити бисёр хуби таълим дорем. Қариб аз ҳама гӯшаву канори дунё ошно пайдо намуда, ба пешрафти технология ва донишҳои нави замон шинос гаштем. Саъй мекунам, ки дар ин ҷо омӯзишамро фаъолона идома дода, дар оянда мутахассиси баландихтисос гардам ва дар Ватани хеш рафта фаъолият намоям, - изҳор дошт Э. Узоқов.
Дар миёни муҳассилини Донишгоҳи Осиёи Марказии шаҳри Норин нафароне буданд, ки аз баракати сулҳу осоиштагии Тоҷикистон шукургузорӣ намуда, соҳиби унвони донишҷӯйи ДОМ гаштанашонро аз дастги-рии Ҳукумати кишвар донистанд. Сияр Аҳмад, донишҷӯйи афғон, шароити таҳсилро дар Тоҷикистон тавсиф намуда, барои фароҳам овардани имкониятҳои беҳтарин дар муассисаҳои таълимӣ аз роҳбарияти мамла-кат чунин арзи сипос кард: “Ман аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ёфтанам ҷиҳати шароити беҳтарини таҳсил дар мактаб бояд миннатдор бошам. Ҳамаи имкониятҳои хуби таълиму тарбия дар ин ҷумҳурӣ буданд, ки ба муваффақиятҳо расидам. Дар имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳ баҳои баланд гирифта, маблағи шартномаам 90 дарсад тахфиф гардид”.
Зикр шуд, ки рушди устувори иқтисодиёти шаҳру навоҳии минтақа дар заминаи донишҳои нави соҳаҳо, гу-стариши ҳамкориҳои тиҷоратии мамлакатҳо, ҳифзи анъанаҳои миллию ёдгориҳои таърихӣ, беҳбудӣ бахши-дан ба дӯстию рафоқати миллатҳо ҳадафҳои асосии ин муассисаи бонуфузи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Омӯзиш дар ҳарсеи намояндагиҳои донишгоҳ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамкориҳои мутақобилан манфиатбахши ояндаро фаро мегирад.
Дар назар аст, ки соли оянда дар шаҳри Хоруғи Ҷумҳурии Тоҷикистон кампуси дигари ДОМ дарашро ба довталабони илму ҳунар боз хоҳад кард. Бунёди донишгоҳ аз натиҷаи хуби муносибатҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад».
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.10.2016 №: 216 Мутолиа карданд: 6297