logo

мулоқотҳо

ЧЭН ГОПИН ДАР ҲУЗУРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Нимаи дуюми рӯзи 29 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваколатдори махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин оид  ба масъалаҳои амниятӣ ва мубориза бо терроризм Чэн Гопинро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ, мавзӯъҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар бахши амният баррасӣ карда шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба вазъи муносибатҳои шарикию стратегии ду кишвар, ки соли 2017 аз оғози робитаҳои дипломатӣ 25 сол пур мешавад, баҳои арзанда дода, таъкид карданд, ки Тоҷикистону Чинро муносибатҳои анъанавию таърихӣ ба ҳам мепайванданд ва он ба таври матлуб ба ман-фиати мамлакатҳо давра ба давра рушду густариш меёбад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ дар самти ҳифзи сарҳади давлатӣ дар минтақаи Тоҷикистону Афғонистон, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Масъалаи таъмини амният ва вазъи муътадил дар минтақа барои амалишавии барномаҳои байни-давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки беш аз 200 ададро ташкил медиҳанд, ҳамчун омили муҳим маъни-дод карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои пурзӯр кардани муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2016    №: 216    Мутолиа карданд: 8597
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед