туризм
ТУРИЗМИ ЭКОЛОГӢ. ЧАРО ОНРО ДАР РАШТ РУШД НАДИҲЕМ?
Рашт яке аз ноҳияҳои зебоманзари Тоҷикистон ба шумор рафта, дорои табиати рангин ва ёдгориҳои таърихии зиёд мебошад. Обҳои софу мусаффо чор фасли сол ҷорианд. Дараҳои хушманзару овозадори Камароб, Ясман, Қалъанак, Ҳоит ва мавзеи таърихии Фолума дили ҳар бинандаро тасхир месозанд.
Натиҷаҳои омӯзиши иқтидори туристӣ нишон доданд, ки ноҳияи Рашт вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофии худ дорои имкониятҳои зиёди рушди туризми экологӣ мебошад. Асоси онро шароити нодири табиӣ, манзараҳои дилфиреб, мероси фарҳангӣ ва фарҳанги этникии мардуми маҳал дар давраҳои мухталифи таърихӣ ташкил медиҳад. Барои ташаккул ва рушди туризми экологӣ маблағгузории муайян ва хароҷоти мақсаднок лозим аст.
Сайдаҳрор Сайҷалолов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, гуфт, ки дар шароити иҷрои пурраи маҷмӯи тадбирҳои ташкилӣ ва маблағгузории Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ҳамасола ташрифи зиёда аз 300 нафар сайёҳи хориҷӣ ва зиёда аз 1000 нафар сайёҳи дохилӣ ба ноҳияи Рашт пешбинӣ шудааст. Баҳри татбиқи талаботи барномаи мазкур қарори раиси ноҳия «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди туризм дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2015-2017» қабул ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия гардидааст. Тайи як соли охир роҳбарияти ноҳия баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ чораҳои мушаххас андешида, шоҳроҳи ҳудуди ноҳия ва роҳҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ баровард.
Мавзеъҳои тамошобоби ноҳия метавонанд таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб созанд. Ҳусни маркази ноҳия низ хеле зебо гардидааст. Туризми дохилӣ дар ноҳия ба ҳадди лозимӣ фаъолият дорад, вале туризми хориҷӣ то ҳол мувофиқи матлаб роҳандозӣ нагардидааст.
Бино ба гуфтаи С. Сайҷалолов, мушкилоти асосии ин самт набудани ширкатҳои сайёҳӣ ва нарасидани мутахассисони соҳа мебошад. Ҳамчунин, соҳибкорони маҳаллӣ бо сабаби надоштани сармоя ва баланд будани фоизи қарзии бонкҳо имконияти сохтани марказҳои хизматрасониро дар мавзеъҳои тамошобоби кӯҳӣ надоранд. Ташкил кардани хатсайрҳо, харитаи мавзеъҳои тамошобоб ва паҳн намудани иттилоот дар шабакаи интернет ба рушди соҳаи туризм дар ноҳия низ мусоидат хоҳад кард.
- Татбиқи самараноки барномаи рушди туризм дар ноҳияи Рашт ва дастгирии соҳибкорон дар ин самт ба болоравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти туристии маҳаллӣ ва воридшавии ноҳия ба низоми бозори хизматрасониҳои туристӣ мусоидат менамояд. Зеро дар натиҷаи таҳкими рақобатпазирии саноати туристӣ соҳаи сайёҳӣ метавонад ба яке аз бахшҳои даромадноки иқтисодиёти ноҳия мубаддал гардад.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.11.2016 №: 217 Мутолиа карданд: 10164