logo

маориф

КВОТА. ЧАРО ДОНИШҶӮЁН БА МАҲАЛҲО БАРНАМЕГАРДАНД?

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳо соҳаи нигаҳдории тандурустӣ низ хеле рушд ёфтааст. Масъулони соҳа дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар хусуси баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар меҳвари фаъолият қарор дода, ба  натиҷаҳои хуб ноил гашта истодаанд. Тибқи иттилои Рустам Шехзода, муовини раиси ноҳияи Ванҷ, ки сарпарастии соҳаро ба ҷо меорад, тайи солҳои охир бо маблағгузориҳои Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятҳои давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳия  дар марказ  ва деҳаҳои Техарву  Гармчашмаи деҳоти Техарв ва Рованд марказҳои  саломатӣ, дар рустоҳои Гишхун, Баравн, Жамаг ва Лугад бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гашта, беморхонаҳои  маркази ноҳия ва касалхонаи  минтақавии деҳаи Мотравни деҳоти Язгулом аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд.
Дар яке аз сафарҳои кориашон ба ноҳияи Ванҷ Пешвои миллат ба беморхонаҳои маркази ноҳия ва деҳоти Язгулом  мошинҳои ёрии таъҷилӣ тақдим намуданд. Инчунин, ба ин муассисаҳо таҷҳизоти нави ташхис ворид гардид. Лекин камбудии асосӣ он аст, ки дар беморхонаҳо ва марказҳои саломатӣ мутахассисони ҷавон, аз қабили  духтурони қалб, чашм, пӯст, кӯдакон, мутахассисони таҷҳизоти ташхис намерасанд. Алҳол баҳри ба кор ҷалб кардани чунин табибон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия чораҷӯӣ карда мешавад. Ин масъала  ба наздикӣ дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мавриди муҳокима қарор гирифт.  Бовар дорем, ки дар ҳалли ин мушкилот, пеш аз  ҳама, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, донишгоҳҳои тиббии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Данғара  кумаки худро мерасонанд.                                                                               
Ба гуфтаи  муовини раиси ноҳия, ҳаминро илова карданӣ ҳастем, ки тайи  солҳои истиқлолият аз ин ноҳия тибқи  квотаи президентӣ 26 нафар  хатмкунандаи  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил шуда, онро хатм кардаанд, аммо ҳамагӣ як нафари онҳо - Шафоат Шарифова ба Ванҷ баргашта, ҳоло дар  беморхонаи марказии ноҳия кор мекунаду халос. Саволе ба миён меояд, ки  боқимонда 25 нафари дигар  куҷо рафтаанд ва дар куҷо кор мекунанд? Пурсиши дигар ин аст, дар сурате ки дар асоси квотаи президентӣ мутахассисони ҷавони соҳаи тиб ба ноҳияҳояшон барнамегарданд онҳо аз ҷониби Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон чӣ тавр ва бо кадом роҳ   диплом гирифтаанд,  ва ё бе чунин ҳуҷҷат дар муассисаҳои тиббӣ  онҳоро чӣ гуна ба кор қабул мекарда бошанд?! 
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.11.2016    №: 217    Мутолиа карданд: 6172
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед