logo

маориф

ҲАМ ИЛМ, ҲАМ АМАЛ. ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН 60 - СОЛА ШУД

Соли 1956 таҳти № 14 Қарори Совети Вазирони СССР дар бораи таъсис додани Институти (Донишкадаи) политехникӣ ба имзо расид. Тибқи ин қарор якуми сентябри ҳамон сол донишкада ба фаъолият шурӯъ кард. То соли 1992 он Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ном дошт, баъд Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва соли 1997 номи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимиро гирифт.
 
Донишкада ба ҳангоми ифтитоҳ се факултет: энергетикӣ, сохтмон, технологӣ дошт ва ҳашт ихтисосро дар бар мегирифт. Бори аввал 200 нафар довталаб донишҷӯи ин таълимгоҳ шуд. Соли 1961-ум 132 нафар баъди ҳимояи рисолаи дипломӣ соҳиби ихтисоси муҳандиси соҳаҳои энергетика, сохтмон ва нақлиёт гардида, 48 нафарро баъди се соли таҳсил ба Институти бофандагии Тошканд фиристоданд. Соли нахусти таъсисёбӣ таълими шабона ва соли 1960 таълими ғоибонаро ҷорӣ намуданд. Соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд якумин филиали донишкада ифтитоҳ шуд, ки он соли 2010 ба донишкадаи мустақили политехникӣ дар ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон табдил ёфт. Дар давоми шаст соли фаъолият донишгоҳро зиёда аз 60000 нафар хатм карданд, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва хориҷ аз он фаъолият доштанду доранд. Ҳамрадиф бо омилҳои дигар, сохтори донишгоҳ пайваста такмил ёфта, дар ҳашт факултет ва 47 кафедра аз рӯи 63 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Дар сохтори донишгоҳ Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд ва коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд. Айни ҳол дар донишгоҳ 426 нафар устоди асосӣ ва 138 нафар ҳамкор (79 нафар дохилӣ, 58 нафар беруна) кор мекунанд.
Дар байни устодони асосӣ 20 нафар доктори илм, 24 нафар профессор ва 156 нафар номзади илм фаъолият доранд. Донишгоҳ пурра ба шакли дузинагии таҳсилот ва низоми кредитии таълим гузаштааст. Кӯшиш ба харҷ меравад, ки ба фазои ягонаи таҳсилоти минтақавию ҷаҳонии таълим ворид гардида, омодакунии мутахассисонро тибқи талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ба роҳ монем. Барои фаъолияти беҳтару самарабахштари шуъбаи аспирантураю докторантураи донишгоҳ низ чораҳои судманд андешидем. Мусаллам аст, ки таҳсилоти олии мукаммалро бе истифодаи дастовардҳои илмӣ тасаввур намудан мумкин нест. Таҳқиқоти илмии олимони донишгоҳ низ дар соли таҳсили ҷорӣ самтҳои афзалиятноки рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва таҳсилоти олиро дар бар мегиранд. Соли гузашта устодону кормандони донишгоҳ аз рӯи ҳафт мавзӯи фармоишӣ ва ду лоиҳа таҳқиқотҳои бунёдӣ гузарониданд. Инчунин, аз рӯи зиёда аз 120 мавзӯи кафедравӣ таҳқиқот бурда мешавад. Маҷаллаи илмӣ-назариявии «Паёми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон», ки ба рӯйхати маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Федератсияи Россия дохил шудааст, ба нашри саривақтии мақолаҳои аспирантону унвонҷӯёни донишгоҳ мусоидат менамояд. Чопи мақолаҳои илмии олимони ҷумҳурӣ ва давлатҳои зиёди хориҷ дар он аз эътирофи байналмилалиаш гувоҳӣ медиҳад.
Бо мақсади ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва маҳфилҳои мустақили илмиву техникӣ ташкил карда шудаанд. Ин аст, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ як нафар ҷойи дуюм ва як нафар ҷойи сеюмро мушарраф гардиданд. Онҳо бо диплом, ифтихорномаҳо, мукофотҳои пулии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.
Парки технологии донишгоҳ бо 13 идораву корхона созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Ахиран, бо ҶСК «Технотон» - и Ҷумҳурии Беларус ва Парки илмию техникии ДМТБ «Политехник» ду созишнома баста шуд. Мавриди зикр аст, ки Парки технологии донишгоҳ соли 2015 ҷиҳати таҷҳизондани озмоишгоҳҳои таълимӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонд. Ба ғайр аз ин, Парки технологӣ барои озмоишгоҳҳои физикаи Донишкадаи омӯзгории Рашт, Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, филиали душанбегии Донишкадаи давлатии шаҳри Москва ба номи М. Ломоносов ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҷҳизот омода намудааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки Парки технологӣ имкон дорад, ки таҷҳизоти физикиро барои озмоишгоҳҳои муасиссаҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳурӣ низ омода намояд.
Донишгоҳ бо як қатор донишгоҳу донишкадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва созмонҳои хориҷӣ созишномаҳо ба имзо расонидааст. Айни замон дар донишгоҳ 75 нафар донишҷӯи хориҷӣ дар шуъбаи тайёрӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, факултетҳои таълимӣ, шуъбаи таълимоти олии касбии дуюм, магистратура, аспирантура ва докторантура таҳсил менамоянд. Шаҳрвандони хориҷӣ бештар ба ихтисосҳои сохтмон ва меъморӣ, шабакаҳои алоқа ва тақсимоти иттилоот, инчунин неругоҳҳои барқи обӣ ва барқтаъминкунӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Мавриди зикр аст, ки чанде пеш миёни донишгоҳ ва Донишгоҳи техникии Фрайберг (Олмон) созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳқиқоти илмии муштарак ва омодасозии омӯзгорони соҳибунвон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба имзо расонида шуд.
Дастоварди дигаре, ки соли 2015 донишгоҳ ба он ноил гардид, ин аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузарондани ду ихтисос – «Манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи энергия» ва «Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот» маҳсуб мешавад. Дар маҷмӯъ, минбаъд низ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳем дод, то мутахассисони варзидаро омода намуда, ба ин васила дар пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат саҳмгузор бошем.
Ҳайдар ОДИНАЗОДА,
ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ,
узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.11.2016    №: 218    Мутолиа карданд: 7634
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед