туризм
БАРТАНГ. АЗ ЗАРУРАТИ ТАҲҚИҚИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ ТО РУШДИ САЙЁҲӢ
Водии Бартанги ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дорои имкониятҳои васеи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва мавзеи ҷолиби сайёҳӣ мебошад. Манзараҳои дилфиреби ин диёри зебоманзар ба як дидан касро мафтун месозанд. Иқлими хос, ҳайвоноту набототи нодир, урфу одат ва тарзи зисту зиндагии мардуми водӣ ҳамоно мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар қарор дорад. Табиати нотакрори кули Сарез солҳост, ки диққати ҳазорон сайёҳи хориҷиро ба худ ҷалб кардааст.
Аммо манбаъҳои зиёди сайёҳӣ ҳанӯз дар ин водӣ чандон баҳрабардорӣ намешаванд. Махсусан, набудани инфрасохтори зарурӣ ва норасоии мутахассисони соҳавӣ боиси ҷалб нашудани туристон гардидааст.
Бештари сайёҳон ба водии Бартанг бо мақсади туризми кӯҳнавардӣ, варзишию истироҳатӣ, таърихию омӯзишӣ, этнографӣ ва шикор меоянд. Феълан дар ин минтақа намуди туризми экологӣ ривоҷ ёфтааст. Наврӯзмаҳмад Баҳодуров, сокини деҳаи Сипонҷи водии Бартанг, се сол инҷониб бо истифода аз манзили зисти худ ҳамчун меҳмонхона - «Home - stay» ба сайёҳони хориҷӣ хидмат мерасонад. Тавре ӯ иброз медорад, сайёҳоне, ки ба водии Бартанг меоянд, пеш аз ҳама ба маводи хӯроквории аз ҷиҳати экологӣ тоза, расму ойин, ҳунарҳои миллӣ ва ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Дар баробари ин, дар деҳаи Сипонҷ, сайёҳонро махсусан петроглифҳо ба худ ҷалб менамоянд. Сайёҳон пайваста аз маънӣ ва муҳтавои нишонаи дар сангҳо дарҷёфта суол мекунанд. Вале сокинон аз сабаби надонистани таърихи пайдоиши петроглифҳо ба суолҳои сайёҳон ҷавоб гуфта наметавонанд.
Роҳандозии қисматҳои инфрасохтори рушдёфта: роҳ, меҳмонхонаҳои дорои тарҳи миллӣ, таъмини амнияти сайёҳон дар роҳ, таъсиси мактаби кӯҳнавардӣ, хизматрасониҳои алоқа ва бонкҳо дар мавзеъҳои туристӣ ба пешрафти соҳаи туризм дар ин минтақа мусоидат мекард. Бояд гуфт, ки туризм имрӯзҳо дар қатори савдои сӯзишворӣ, воситаҳои нақлиёт ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, яке аз бахшҳои сердаромад дар иқтисоди ҷаҳон маҳсуб меёбад. Бартарияти соҳа дар он аст, ки харҷи хеле кам фоидаи зиёд меорад. Аз ин лиҳоз, беҳтар намудани инфрасохтори истироҳату фароғати мавзеъҳои сайёҳӣ дар водии Бартанг аз манфиат холӣ нест. Зеро ҳадди ақал чанд нафар сокини водӣ мисли Наврӯзмаҳмад Баҳодуров соҳиби шуғли муайян мегардад.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.11.2016 №: 219 Мутолиа карданд: 10203