logo

маориф

ҲУНАР ДАР МАҲАЛҲОИ ДУРДАСТ АҲАМИЯТИ БЕШТАР КАСБ МЕКУНАД

Коллеҷи муҳандисии техникии ноҳияи Нуробод бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, дар заминаи омӯзишгоҳи касбӣ - техникии № 54 таъсис ёфта, ҳоло дар тобеияти бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул ба фаолият аст.
Тавре, ки Эраҷ Музаффаров, директори муассисаи мазкур, ҳангоми суҳбат ба мо иттилоъ дод, соли 2013 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Дарбанд хишти аввали бинои муассиса гузошта шуд.  Ҳоло сохтмони биноҳои таълимӣ, ҷамъиятӣ - маишӣ, толори варзиш ва дигар биноҳои ёрирасони он аз ҷониби Дирексияи иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Соли таҳсили 2014 - 2015  аз ҳисоби муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14  ба миқдори 8 синфхона ва кабинети корӣ барои фаъолияти коллеҷи муҳандисии техникии ноҳияи Нуробод ҷудо гардид, ки ин барои беҳтар шудани шароити фаъолияти муассиса таъсири мусбат расонд. Муассиса ҳоло дорои устохонаи коркарди чӯб буда,  утоқҳои лабараторияи автомбил,  дӯзандагӣ ва синфхонаи компютерӣ мебошад.
Муассиса дорои як хобгоҳ буда, он 132 нафар донишҷӯёну касбомӯзонро фаро гирифтааст. Хобгоҳи донишҷӯён соли ҷорӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд, вале барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зист, аз ҷумла ҷиҳати таъмир ва таъмини хобгоҳ бо таҷҳизоти зарурӣ, муассиса ба маблағи иловагӣ эҳтиёҷ дорад. Дар таълимгоҳ як китобхона амал менамояд. Маъмурияти коллеҷ баҳри ғанӣ гардондани фонди китобхона тадбирҳои судманд роҳандозӣ намуда, саъй дорад, ки синфхонаҳои компютериро бо шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайваст намояд, то ки донишҷӯён аз китобҳои электронӣ истифода баранд ва лексияҳои омӯзгорон дар китобхонаи муассиса дар шакли электронӣ пешниҳод шавад.
Таълим дар муассисаи мазкур аз рӯи ихтисосҳои «Сохтмон ва истифодабарии бино ва иншоот», «Сохтмони роҳҳо ва иншооти нақлиётӣ», «Сохтмон, нигоҳдорӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард ва иншооти нақлиётӣ», «Таъминоти барқ», «Таъминоти барқ дар корхонаҳои саноатӣ», «Муҳосибӣ, таҳлил ва назорат» дар заминаи синфҳои 9 ва 11 сурат гирифта, айни ҳол дар 26 гурӯҳи рӯзона 426 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Сафи довталабон ба ин муассиса низ сол то сол меафзояд. Донишҷӯён аз ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт, шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Данғараю Восеъ таҳсил менамоянд.
Ба масъалаи таълими истеҳсолӣ низ дар муассиса диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар гурӯҳҳои омӯзишӣ  таълими истеҳсолӣ тибқи нақшаи таълим ба роҳ монда шудааст. Баҳри самаранок роҳандозӣ намудани фаолият дар ин самт маъмурияти таълимгоҳ  барои сафарбар намудани донишҷӯёну касбомӯзон ба ихтироъкорию  навоварӣ бо устоҳои таълимӣ машварат доир намуда, ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад. Роҳбарияти муассиса, ҳамчунин, ба нақша гирифтааст, ки устохонаҳои истеҳсолиро бештар ташкил намояд.
Барои ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб намудани шогирдон бо ташкилоту муассисаҳои дахлдор шартнома ба имзо расонида мешавад ва мувофиқи нақшаи таълим донишҷӯён ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб мегарданд.
Ҳанӯз дар самаранокии фаъолияти коллеҷи муҳандисии техникии ноҳияи Нуробод баъзе  мушкилот, аз қабили нарасидани утоқҳои таълимӣ, лабараторияҳо, айёниятҳо, нарасидани мизу курсӣ, катҳои хоб, ҷевон, китобҳои таълимӣ аз фанҳои тахассусӣ мавҷуд аст. Баҳри дастрас намудани  40 номгӯи китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён ба маркази табъу нашри Вазорати маориф ва илми кишвар  аз тарафи маъмурияти муассиса дархост пешниҳод шудааст.
- Азбаски  коллеҷи муҳандисии техникии мазкур навтаъсис аст,  имконияти якбора бартараф кардани норасоиҳои мавҷударо надорад. Аммо бояд гуфт, ки дар ҷодаи рушди таҳсилоти касбӣ қадамҳои нахустинаш устувор аст.  Итминони комил дорам, ки бо анҷом расидани сохтмони бинои нав ҳамаи ин мушкилот бартараф мегардаду коллеҷи мо дар рушди таҳсилоти касбии ҷавонони минтақа нақши муҳим мебозад, - гуфт дар хотимаи суҳбат Эраҷ Музаффаров.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.11.2016    №: 219    Мутолиа карданд: 7699
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед