суханрониҳо
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи комбинати металлургии тоҷик, шаҳри Ҳисор, 5 ноябри соли 2016
Муҳтарам намояндагони сокинони шаҳри Ҳисор!
Ҳозирини арҷманд!
Тавре ки ҳамаи мову шумо дар ёд дорем, соли гузашта дар доираи омодагӣ ба таҷлили 3000 - солагии шаҳри Ҳисор ва ба шарофати заҳмати ободгаронаи сокинон дар қаламрави ин шаҳри бостонӣ даҳҳо иншооти нави иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд гардида, ба истифода супурда шуданд.
Мо дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашн ва минбаъд низ ба роҳбарони вазорату идораҳо, шаҳри Ҳисор ва соҳибкорон супориш дода будем, ки корҳои созандагиро ба хотири тақвияти имкониятҳои иқтисодӣ, боз ҳам ободу зебо гардондани шаҳр ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии сокинони он вусъати бештар бахшанд.
Соли 2015 барои сокинони Ҳисори бостонӣ соли дар ҳақиқат таърихӣ ва соли эҳё гардидани фарҳанги қадимаи тоҷикон дар ин гӯшаи диёрамон ба шумор меравад. Зеро дар баробари мақоми шаҳрро ноил шудани ин мавзеи таърихии Ватанамон инфрасохтори зарурии он бо тарҳи хоси миллӣ бунёд гардида, дар баробари ободу зебо гардидани симои марказ ва дигар маҳалҳои аҳолинишин шуҳрати қадимаи ин мавзеи фарҳангии кишварамон дубора барқарор гардид.
Имрӯз дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ҳудуди шаҳр як қатор иншооти нави таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд, ки дар иҷрои ин кори хайр саҳми соҳибкорони ватандӯсту ҳимматбаланд калон мебошад. Аз ҷумла бинои кӯдакистон барои 220 нафар кӯдак бо тамоми шароити муосири тарбия ба ихтиёри хурдсолон супурда шуд, ки дар он қариб 40 нафар соҳиби ҷойи корӣ шуд.
Дар баробари ин, меҳмонхонаи замонавӣ бо шароити сатҳи баланди будубош ва маркази хизматрасонӣ, ки дорои имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, маркази бозиҳои кӯдакона, толорҳои барҳавои варзишӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ мебошад, ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон бо ин, имрӯз фермаи чорводорӣ низ ба кор оғоз кард, ки он дар ояндаи наздик барои рушди чорводорӣ, беҳтар кардани зоти чорво, бо маҳсулоти гӯшту шир таъмин намудани аҳолии шаҳри Ҳисор, инчунин сокинони пойтахти мамлакат саҳми арзишманд хоҳад гузошт. Фермаи имрӯза аз ҷониби соҳибкори ватанӣ ба маблағи 11 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар он 51 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуд.
Умуман, иншооту корхонаҳои навбунёди имрӯза бо сарфи қариб 220 миллион сомонӣ омода шуда, 650 нафар сокини шаҳрро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунанд.
Итминон дорам, ки ба фаъолият оғоз кардани иншооти зикршуда ва корхонаи бузурги саноатие, ки ҳоло мо дар маросими ифтитоҳи он ширкат дорем, барои таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, торафт ободу пешрафта гардидани шаҳри Ҳисор ва болоравии сатҳу сифати зиндагии сокинони он саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.
Ба ин муносибат, яъне ба фаъолият оғоз кардани комбинати металлургии навбунёд ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро табрик гуфта, ба ташаббускорон ва соҳибкорону сармоягузорон, инчунин, ба мутахассисону сохтмончиён барои амалӣ намудани чунин иқдоми наҷиби ватандӯстона миннатдорӣ изҳор мекунам ва ба ҳамаи онҳо, аз ҷумла ба мутахассисону кормандони корхона барори кор орзу менамоям.
Дӯстони азиз!
Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар, рушди босуръати соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ва дар ин замина таъсис додани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави кориро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва вазифаи аввалиндараҷаи худ эълон карда, то ба имрӯз дар ин самт тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонда истодааст.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи мазкур ва таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаҳои энергетикаву саноат, нақлиёт ва сохтмони иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ сол ба сол афзоиш ёфта, ҳамаи ин, дар маҷмӯъ боиси бамаротиб афзоиш ёфтани талабот ба масолеҳи сохтмон гардида истодааст.
Хусусан, дар замони муосир пешрафти соҳаи сохтмонро бидуни истифодаи қисмҳои тайёри аз оҳан сохташуда, яъне конструксияҳои металлӣ ва дигар маводу масолеҳи зарурӣ, ки эътимодноку камхарҷ ва дар айни замон барои таъмини намуди зоҳириву тарҳи замонавии иншооту биноҳо заруранд, тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Маҳз бо ҳамин сабаб ҳанӯз соли 2014 дар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ оид ба рушди соҳаи саноат, бунёди корхонаҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин масъалаи васеъ ба роҳ мондани омӯзиши захираҳои ашёи хоми ватанӣ ва таъсиси корхонаҳои коркарди он барои таъминоти эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ махсус таъкид шуда буд.
Тибқи маълумоти оморӣ ҳар сол барои таъмини фаъолияти истеҳсолии ташкилоту корхонаҳои сохтмонии кишвар беш аз 400 ҳазор тонна маҳсулоти филизӣ, яъне оҳантахта, симу арматура ва конструксияҳои оҳанӣ сарф мегардад, ки ҳамаи масолеҳи зикршуда бо нархҳои гарон (аз 900 то 1400 доллари амрикоӣ) аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки имрӯз баробари ба кор шурӯъ кардани корхонаи нав дар самти ташаккул ва рушди соҳаи металлургияи сиёҳ марҳалаи тоза оғоз гардида, барои тадриҷан кам кардани вобастагии иқтисоди кишвар аз воридоти маводу масолеҳи металлӣ иқдоми нахустин сурат мегирад.
Тибқи нақша иқтидори корхонаи ғанигардонии маъдан дар марҳалаи аввал дар як сол 120 ҳазор тоннаро ташкил дода, дар он зиёда аз 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешавад. Дар марҳалаи дуюм иқтидори корхона ба коркарди 200 ҳазор тонна расонда шуда, дар он беш аз 750 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Дар корхонаи имрӯза 16 номгӯи маҳсулоти металлии мутобиқ ба талаботи торафт афзояндаи соҳаи сохтмон истеҳсол гардида, аз рӯи ҳисобҳо бо нархи то ду баробар арзонтар нисбат ба маҳсулоти воридотӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Комбинат дар як сол, ғайр аз андози замин, роҳ ва хароҷоти обу барқ, ба буҷет то 100 миллион сомонӣ маблағ ворид мекунад.
Ҳамчунин, таъкид бояд кард, ки дар сурати ба роҳ мондани фаъолияти муназзами корхона имконият фароҳам меояд, ки даҳҳо корхонаҳои мамлакат бо масолеҳи зарурӣ таъмин гардида, ба рушди соҳаҳои саноату сохтмон такони ҷиддӣ бахшида шавад.
Тибқи маълумот ифтитоҳи корхонаи мазкур боз як қадами устувор дар роҳи саноатикунонии кишвар буда, бо дарназардошти иқтидори истеҳсолӣ яке аз корхонаҳои бузурги саноатии кишвар ба ҳисоб меравад.
Кишвари мо дорои сарватҳои бойи табиии дар коргоҳҳои саноатӣ истифодашаванда мебошад. Ташаббускорону сармоягузорони комбинати металлургӣ низ азм доранд, ки бо мақсади истифодаи захираҳои фаровони кони оҳани “Шоҳқадамбулоқ”-и вилояти Суғд дар назди кони зикршуда корхонаи ғанигардонии муосир бунёд кунанд.
Сохтмони он соли оянда оғоз гардида, дар давоми се сол ба истифода супурда мешавад, ки соле то се миллион тонна маъданро ҳамчун ашёи хом барои коркарди минбаъда дар комбинати металлургӣ истеҳсол хоҳад кард ва дар он беш аз 800 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ хоҳанд шуд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи саноат самти пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи аҳолӣ бо шуғли доимӣ, сарчашмаи муҳимтарини даромади буҷети давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Бинобар ин, ҷиҳати таъмин намудани тараққиёти босуботи саноати кишвар то имрӯз як қатор барномаҳои давлатӣ қабул гардида ва татбиқ шуда истодаанд, ки дар натиҷа ҳоло коркарди ашёи хоми саноатӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ торафт вусъат мегирад.
Дар стратегияву барномаҳои рушди миёнамуҳлат ва дарозмуддати мамлакат пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ тавассути тараққиёти индустриалӣ пешбинӣ шудааст, яъне дар давраи миёнамуҳлат ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат афзоиш ёфта, Тоҷикистон бояд аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ ва дорои саноати пешрафта табдил дода шавад.
Дар раванди татбиқи ҳадафи мазкур Ҳукумати мамлакат ҳар як иқдоми соҳибкорону сармоягузоронро дар самти бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Дар натиҷаи дастгирии доимии Ҳукумат соли 2015 корхонаҳои саноатии мамлакат, бо вуҷуди вазъи ногувори иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро беш аз 11 фоиз афзоиш дода, ба маблағи қариб 12 миллиарду 200 миллион сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар ин раванд, нишондиҳандаҳои корхонаҳои коркард назаррас буда, махсусан соҳаи металлургия ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ нисбат ба соли пешин 38 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тавре ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, татбиқи самараноки тадбиру барномаҳои соҳавӣ имконият дод, ки шумораи корхонаҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир сол ба сол зиёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ фақат дар даҳ соли охир 1,6 баробар афзоиш ёбад. Вале нишондиҳандаи мазкур барои таъмини пурраи бозори истеъмолӣ ҳанӯз басанда нест.
Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти ватаниро бо истифода аз технологияҳои муосир, ашёи хоми маҳаллӣ ва дигар захираву имкониятҳои мавҷуда афзоиш дода, талаботи бозор бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ таъмин гардонда, ҳамзамон бо ин, ҷиҳати тақвияти иқтидори содиротии кишвар тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дӯстони азиз!
Дар назди саноатчиёни мамлакат вазифа гузошта шудааст, ки дар давраи миёнамуҳлат ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани коркард ва фурӯши маҳсулот, зиёд кардани номгӯйи молҳои содиротӣ, аз ҷумла ноил шудан ба истеҳсоли на кам аз 20 номгӯйи молҳои ивазкунандаи воридот ва иловатан ба роҳ мондани истеҳсоли 20 намуди молҳои содиротӣ ҳамаи имкониятҳоро сафарбар намоянд.
Дар кишварамон барои иҷрои вазифаи гузошташуда ҳамаи заминаву имкониятҳо мавҷуданд ва натиҷаҳои истеҳсолии як қатор корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла доир ба истеҳсоли семент ва дигар навъҳои масолеҳи сохтмон нишон медиҳанд, ки соҳаи саноати мамлакат метавонад дар ояндаи наздик ба ин ҳадаф ноил гардад.
Дар ин ҷода ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нав зарур аст, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон тавассути воридоти технологияҳои муосир ҳарчи бештар афзоиш додани истеҳсоли молҳои рақобатпазир ва тақвияти иқтидори содиротии кишварро таъмин намоянд. Итминон дорам, ки дар ин раванд корхонаи имрӯзаи металлургӣ низ саҳми арзандаи худро мегузорад.
Дар соли таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ, яъне биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолият оғоз кардани комбинати металлургии тоҷикро бори дигар ба соҳибкорону сармоягузорони ҳимматбаланд ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, табрик гуфта, ба кормандону мутахассисони корхона барори кор орзу менамоям. Инчунин, ҳамаи шуморо ба муносибати Ҷашни Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки фардо таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям ва орзуманди саломатӣ, хонаободӣ ва хушбахтии ҳар яки шумо ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҳастам.
Ҳамеша саломату муваффақ бошед!
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.11.2016 №: 221 Мутолиа карданд: 8258