logo

муҳоҷират

Интиқоли маблағи муҳоҷирон 29 миллион сомонӣ коҳиш ёфт

Дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Ваҳдат 13506 нафар машғули кор буда, музди меҳнати онҳо ба 11150 ҳазор  сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 миллион сомонӣ зиёд аст,-гуфт Қиёмиддин Абдуллоев, муовини аввали раиси шаҳри Ваҳдат, дар нишасти матбуотӣ.
Ҳисоби миёнаи музди меҳнат дар соҳаи саноат 322,5, сохтмон 210,3, нақлиёт 186,8, кишоварзӣ 75,1, тандурустӣ 109,1, маориф 193,2, хизматрасонӣ 212,7,  бонкҳо 427,9 сомониро ташкил дод. Бо назардошти сектори хусусӣ ба маблағи 13383 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд ва теъдоди корхонаҳои саноатӣ аз 25 ба 39 адад расид.
Назар ба ақидаи Қ. Абдуллоев, асоси иқтисодиёти шаҳри Ваҳдатро сектори аграрӣ ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии инфиродӣ ба мушкилоти обу ҳаво ва бӯҳрони  молиявӣ нигоҳ накарда, дар майдони 14490 гектар кишти тирмоҳӣ ва баҳорӣ гузарониданд. Ноҳия дорои 1598 га майдони боғ, 1426 га токзор ва 285 га тутзор аст.
Мавсуф зикр кард, ки агар солҳои қаблӣ деҳқонон аз сардию гармӣ ва хушксолӣ зиёни молиявӣ кашида бошанд, имсол онҳоро боронҳои пай дар пай ва жолаҳо ба ташвиш оварданд. Офати табиат ба маблағи 6200 ҳазор сомонӣ зиёни иқтисодӣ ворид сохт.
Қ. Абдуллоев ба саволҳои хабарнигорон посух дода, аз ҷумла гуфт, ки шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ то 1 июли соли равон 11489 нафарро дар бар мегирад. Интиқоли маблағҳои пулӣ аз тарафи онҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 119283 ҳазор сомонӣ расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 29 миллион сомонӣ кам аст. Маблағҳои интиқолдода ба ҳар як нафар сокини шаҳр 444 сомонӣ рост меояд.

М. САФАР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3907
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед