logo

маориф

Донишгоҳ ба кадрҳои баландихтисос ниёз дорад

10 октябр Убайдулло Қурбонов, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки имсол 831, аз ҷумла 49 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд. Ба курси якум 1097 нафар, аз ҷумла тибқи квотаи президентӣ 98 нафар дохил шуд. Боиси хурсандист, ки сол ба сол савияи дониши довталабон баланд мегардад. Имсол  45, 2 дарсади онҳо беш аз 150 хол гирифт, ки нисбат ба соли гузашта 1,2 баробар зиёд аст.
Дар соли таҳсили 2007-2008 бори аввал дар курси якуми аксари факултаҳо имтиҳонҳо ба таври тестӣ гузаронида шуданд. Ташкили имтиҳонҳои тестӣ имконият медиҳад, ки вобастагии донишҷӯён аз имтиҳонгирандагон бартараф ва дараҷаи донишандӯзии онҳо баланд гардад. Ин яке аз омилҳои роҳ надодан ба падидаҳои номатлуб ва дар мӯҳлати кӯтоҳ гузаронидани имтиҳонҳост. Ба гуфти ректори донишгоҳ баъди гирифтани ёрии башардӯстона дар шакли таҷҳизоти таълимӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин проблемаи компютеркунонии ҷараёни таълим ҳалли худро ёфт. Имрӯз донишгоҳ дорои 631 компютер, 42 мултимедиа, 56 сканер ва 46 дастгоҳи нусхабардорист.
Убайдулло Қурбонов зикр кард, ки донишгоҳ барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ дар хориҷи мамлакат аз рӯи ихтисосҳои ниҳоят зарурӣ, ба мисли табиби бемориҳои сил, анатомия ва физиологияи патологӣ, генетикаи тиббӣ, ташхиси лабораторӣ, омӯзиши ҳуҷайраҳои бунёдӣ, нашъамандӣ ва ғайра ниёз дорад.
Мавсуф иброз дошт, ки ташкили Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар сохтори донишгоҳ аз тарафи Вазорати тандурустӣ дастгирӣ ёфт ва соли оянда он ба фаъолият шурӯъ мекунад. Ва ҳам маблағгузории донишгоҳ солҳои охир аз ҳисоби буҷети давлат зиёд шуд, ҳамчунин маоши омӯзгорон ба ҳисоби миёна аз моҳи сентябри соли равон 81 дар сад афзуд.
Ректори донишгоҳ ба саволҳои хабарнигорон оид ба барқарорсозии бинои асосӣ баъди сӯхтор гуфт, ки он дар арафаи анҷомёбист ва аввали моҳи ноябр пурра ба истифода дода мешавад.

М. Сафар, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 7613
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед