logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ШАҲРИ САРБАНД

Оғози корҳои барқарорсозӣ дар НБО - и «Сарбанд»
18 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо тарзи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додан ва оғози сохтмони чанд иншооти муҳим ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи шаҳр Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони шаҳри Сарбанд бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
 
Дар чаҳорчӯбаи боздиди корӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва ҷараёни татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсолии энергияи барқ ошноӣ пайдо карданд. Зикр гардид, ки Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» дар доираи бунёди силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш соли 1962 муваққатан ба кор дароварда шуда, соли 1966 пурра ба истифода дода шуд.
Дар давоми фаъолияти тӯлонии худ неругоҳи мазкур 50 миллиард киловат соат қувваи барқ истеҳсол кардааст. Иқтидори лоиҳавии ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакат 240 мегаваттро ташкил медиҳад. Аммо он дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ иқтидори мавҷудаи худро аз даст дода, ҳамагӣ бо тавоноии 160 мегават фаъолият дорад.
Бояд зикр намуд, ки ба шарофати оромию суботи ҷомеа, фазои мусоиди инвеститсионии кишвар ва бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати беҳтар намудани соҳаи энергетика, тамоми чораҳо андешида шуда, бо ҷалби сармояи байналмилалӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар силсиланеругоҳҳои барқи обии Вахш сомон ёфт.
Дар ҳамин замина Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” ва Бонки Осиёии Рушд оид ба “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии "Сарбанд" бо иқтидори 240 мегаватт” ба имзо расид, ки маблағи лоиҳаи мазкур 136 миллион доллари амрикоӣ буда, он аз ду марҳала иборат мебошад ва амалишавии лоиҳа 3 сол ба нақша гирифта шудааст. Мутобиқи қисми якуми лоиҳа, ба анҷом расондани таҷдиду азнавсозии гидроагрегатҳои рақамҳои 1, 2, 5, таъмири асосии гидроагрегатҳои рақамҳои 3,6, таҷдиду азнавсозии дарғотҳои обпарто, таъмири механизмҳои борбардор, системаи ҳавои фишоршудаи неругоҳ, системаи сӯхторхомӯшкунӣ, иваз намудани автотрансформаторҳои қудратии рақамҳои 2 ва 3, сохтани бинои нави маркази идоракунии неругоҳ, иваз намудани таҷҳизот дар устохонаҳои механикию электрикӣ, соҳилмустаҳкамкунии дарё ва канали пайвасткунанда дар назар аст. Дар қисмати дуюми лоиҳа бошад, таҷдиди зеристгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 ва 110 киловолта, таҷдиду азнавсозии зеристгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 35 ва 6 киловолта амалӣ хоҳад шуд. Аз ҷумла, соли 2004 бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон як адад автотрансформатори нави сефаза бо тавоноии 250 мегаватт бо маблағи 17 миллиону 700 ҳазор сомонӣ иваз карда шуд. Инчунин, дар доираи таҷдиди неругоҳ сохта ба истифода додани хати барқи 220 киловолта байни Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва НБО-и “Сангтӯда-2” ва иваз кардани 64 адад ҳисобкунаки электронии истеҳсоли Шветсия сурат гирифт. Мувофиқи барномаи ЛОТ-2 бо ҷалби сармояи хориҷӣ таҷдиди гидроагрегати рақами 4-и Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ҳанӯз соли 2012 ба анҷом расонда шуда, айни ҳол дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад ва бо тарзи компютерӣ идора мегардад. Ҷиҳати анҷоми ин тадбир 13 миллиону 951 359 доллари амрикоӣ сарф гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо кори иншоот ва ҷараёни татбиқи лоиҳа, ба масъулони соҳа дастур доданд, ки тадбирҳои барқарорсозӣ дар ин неругоҳ ба таври матлуб ба роҳ монда шавад. Тавре хабар дода шуд, дар Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» 160 нафар бо кор таъмин буда, он ба таври муътадил фаъолият мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ошноӣ бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» дар вазъияти тантанавӣ парда аз болои лавҳаи Лоиҳаи барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсолии энергияи барқ бардошта, ба оғози ин тадбир асос гузоштанд.
Пудратчии корҳои барқарорсозӣ ширкати «Синоҳайдро» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, роҳбарияти он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф шуданд, ки корҳои таҷдидро бо суръату сифати баланд ба анҷом расонанд.
Дар ҷараёни боздиди кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури кормандони Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва сокинону фаъолони ин шаҳри саноатӣ суханронӣ карда, перомуни амалишавии барномаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва тадбирҳои таъмини некуаҳволии сокинон ибрози андеша намуданд.
 
Марҳалаи дуюми таҷдиду навсозии «Азот» оғоз ёфт 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сарбанд ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ташриф оварда, баъди боздид барои оғози марҳалаи дуюми таҷдиду азнавсозии корхона санги асос гузоштанд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани мурватҳо ба марҳалаи якуми таъмиру таҷдиди корхона оғоз бахшиданд. Сарвари давлат бо коргарону мутахассисони тоҷик ва намояндагони ширкати чинӣ оид ба аҳамияти корхона дар рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ суҳбати самимӣ доир намуданд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» - собиқ Заводи нуриҳои азотии Вахш, нахустин корхонаи бузурги кимиёвии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, соли 1967 бо ду хати технологии истеҳсоли аммиак ва карбамид бо иқтидори умумии 180 ҳазор тонна ба фаъолият оғоз карда буд. Дар коргоҳҳои он беш аз 1200 нафар кор мекард.  Айни замон, дар корхонаи мазкур қариб 1000 нафар коргар фаъолият дорад.
20 июли соли 2004 зимни сафари корӣ ба шаҳри Сарбанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи «Азот» боздид ба амал оварда буданд. Ҳангоми суҳбат ба коргарону мутахассисон барои афзудани истеҳсоли маҳсулот ва кам намудани воридоти нурӣ аз хориҷ дастур доданд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ истеҳсол мекунад. Карбамид дар хоҷагии халқ, аммиак барои истеҳсолот, дуоксиди карбон дар саноати сабуки хӯрокворӣ ва эҳтиёҷоти технологии корхона, инчунин оксигени газӣ барои тиб, кафшери газӣ ва нитрогени моеъ бошад, дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ истифода бурда мешавад. Дар корхона ба ғайр аз истеҳсоли аммиак, карбамид, буғу обтаъминкунӣ боз коргоҳҳои ёрирасони таъмири механикӣ, таъмири таҷҳизоти барқӣ,  барқтаъминкунӣ, асбобҳои назоратию ченкунанда ва автоматика, нақлиётӣ, сохтмону таъмирӣ, шуъбаи марказонидашудаи назорати техникӣ ва ташхисгоҳи санитарӣ мавҷуд аст. Маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Эрон, Туркманистон, Украина, Маҷористон, Лаҳистон, Словакия ва Руминия низ содир шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 3 сентябри соли 2016 бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи холдингӣ» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи сармоягузорӣ «Оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ба имзо расонда шуд.
Барои таҷдиди дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ ҷиҳати ба фаъолият даровардани онҳо бо истифода аз ангишт ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсоли аммиак ва карбамид 360 миллион доллар ҷудо мешавад. Лоиҳаи таҷдиди корхона ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар ду марҳала анҷом меёбад. Марҳалаи якум лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиаки сунъӣ ва карбамид бо иқтидори умумии 320 ҳазор тонна дар 1 сол. Корхона дар масоҳати 6 гектар замин ҷойгир буда, сарфи солонаи ангишт барои истеҳсолот 200 ҳазор тонна мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа якуним солро ташкил медод. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ширкати чинӣ дастур доданд, ки дар муҳлати як солу ду моҳ корҳои таҷдиду барқарорсозиро ба анҷом расонда, корхонаро моҳи феврали соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Инчунин, супориш дода шуд, ки дар рафти корҳо беш аз 95 дарсади коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд. Марҳилаи дуюми лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиаки сунъӣ ва карбамид бо иқтидори умумии истеҳсолии 500 ҳазор тонна дар 1 сол буда, он дар масоҳати 45 гектар замин бунёд мегардад. Маблағ барои сохтмони марҳалаи дуюми корхона 325 миллион долларро ташкил дода, сарфи солонаи ангишт 500 ҳазор тонна дар як сол мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа 3 солро дар бар мегирад.
Тибқи маълумоти пешакӣ бо анҷом ёфтани лоиҳаи таҷдиди корхона ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ 1000 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
 
Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони шаҳри Сарбанд ва коргарони ҶСК  «Азот»
Дар шаҳри Сарбанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони корхонаи «Азот» ва фаъолони шаҳр мулоқоти судманд анҷом доданд.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо маросими оғози таҷдиду азнавсозии иншооти ҳаётан муҳими соҳаи энергетика - Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва корхонаи калони истеҳсоли нуриҳои минералӣ - Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»  табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саҳм ва аҳамияти Неругоҳи барқии обии “Сарбанд” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» дар рушди иқтисодиёти кишвар андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки фаъолияти пурсамари Неругоҳи барқи обии  «Сарбанд» дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва корхонаи саноатӣ дар таъмини талаботи соҳаи кишоварзии мамлакат бо нуриҳои азотӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Таъкид гардид, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» - и шаҳри Сарбанд аз соли 2011 инҷониб аз фаъолият бозмонда буд ва ба  шарофати сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз корҳои таъмиру таҷдиди он оғоз гардид ва баъди ба истифода додан корхона бо истифода аз ангишти худӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Бо назардошти талаботи корхонаҳои саноатии мамлакат ба сӯзишвории алтернативии ангишт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати тадриҷан зиёд кардани истихроҷи ангишт ва таъмини талаботи корхонаҳо тадбирҳои иловагӣ андешад.
 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии давлату Ҳукумати кишвар тавассути воридоти таҷҳизоту технологияҳои пешрафта ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, яъне таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии амалкунанда, таъсиси корхонаҳои хурду миёна ва бузурги саноатӣ, таҳкими инфрасохтор, таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2016    №: 229    Мутолиа карданд: 14212
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед