logo

номаҳо

CОМОНА ДОШТАН НАМЕХОҲАНД, ЧАРО?

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи  Темурмалик  мақолаи Зокир Ҳасан «Сомона доштан  намехоҳанд, чаро?», ки  19  сентябри  соли  2016,  № 187 (23 009) дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудии сомонаи ноҳия дар самти илова намудани хабарҳо бо забонҳои русию англисӣ ва сархатҳои алоҳида барои маводҳо чанд нафар муваззаф шудаанд. Дар кӯтоҳтарин муҳлат дар ҳамкорӣ бо мутахассисони варзида, яъне тарроҳон (дизайнерон) барои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ намудани сомона чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар оянда низ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода карда, ҷиҳати боз ҳам фаъолтар намудани сомонаи ноҳия тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Мирзохон ГУЛМАҲМАДЗОДА, раиси ноҳияи Темурмалик
 
 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мақолаи Зокир Ҳасан «Сомона доштан намехоҳанд, чаро?», ки 19 сентябри соли 2016, № 187 (23 009) дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Тавре маълум аст, соли ҷорӣ номи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба Ҷалолиддини Балхӣ тағйир дода шуд. Вобаста ба ин, қарори раиси ноҳия ҷиҳати аз нав кардани номи сомона ба имзо расид. Тибқи шартномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ширкати «Вавилон – Т» домени сомонаи ноҳия аз www.jaloliddinirumi.tj  ба  balkhi.tj тағйир дода шуда, 500 мегабайт барои ҷойгиршавии маълумот иловатан ҷудо шуд. Вале дар сомонаи nic.tj, ки бақайдгирандаи сомонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, сомонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба қайд гирифта нашуд. Аз рӯйи маълумоти масъулони сомонаи nic.tj ба қайд нагирифтани сомона сабабҳои техникӣ дорад. Дар фурсати наздик идораи сомонаи nic.tj таҷҳизоти худро ба бинои нав гузаронда, ба бақайдгирии доменҳо оғоз мекунад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ масъаларо таҳти назорат қарор дода, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад. Аз натиҷаи иҷрои корҳо ва оғози фаъолияти сомона маълумот пешниҳод карда мешавад.
Убайдуллои ФАЙЗУЛЛО, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2016    №: 230    Мутолиа карданд: 8014
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед