logo

маориф

ТЕМУРМАЛИК. МАОРИФ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Тӯли 25 соли истиқлолият дар соҳаи маориф нисбат ба дигар соҳаҳо вобаста ба бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ пешравиҳои зиёд ба чашм мерасанд. Сохта ба истифода додани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, таъминот бо воситаҳои таълимӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос аз ҷумлаи ғамхориҳои доимии Ҳукумати кишвар мебошанд. 
Бино бар иттилои Шамсулло Сатторов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик барои бунёди таълимгоҳҳои наву замонавӣ, синфхонаи иловагӣ, таъмини мактабҳо бо асбобу ашёи хониш ва ҳавасмандии омӯзгорон як қатор корҳо анҷом дода шудаанд. Бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 - муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 18 - синфхонаи иловагӣ барои 432 хонанда сохта ба истифода дода шуд. 
Умуман, дар зарфи 25 соли истиқлолият дар ноҳия 19 муассисаи нави таълимӣ ва 28 синфхонаи иловагӣ бо фарогирии 3714 ҷойи сохта шудааст. Дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2021 сохтмони боз 26 муассисаи таълимии нав ва 7 муассисаи томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.  
«Имсол муассисаҳои таълимии ноҳияро 987 нафар хонанда хатм карда, 799 нафари онҳо ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супорида, 444 нафари онҳо сазовори номи донишҷӯ гаштанд. Ҳамзамон, 27 нафар (14 писар ва 13 духтар) сазовори квотаи президентӣ дониста шуданд. Дар 5 соли охир 72 нафар ҷавонписарону духтарон ба донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дохил гашта, бо ихтисосҳои гуногун таҳсил карда истодаанд, ки ин падида барои муҳассилини ноҳия таҷрибаи нав маҳсуб меёбад», - иброз дошт  Ш. Сатторов. 
Холназар КАСИРОВ, 
«Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.11.2016    №: 232    Мутолиа карданд: 7360
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед