муҳоҷират
Муҳоҷирати меҳнатии занон боиси нигаронист
Қиматгул Алибердиева, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар нимсолаи аввал ба кумита аз вазорату идораҳо 410 нусха мактубу барқия, 86 нусха аризаи хаттии шаҳрвандон ворид шуда, 641 шаҳрванд шифоҳӣ муроҷиат намуд.
86 муроҷиати хаттии занон барои омӯзишу чораҷӯӣ ба идораву кумита ва вазоратҳои дахлдор ирсол гардид. Бо мусоидати онҳо 4 нафар ба оилаҳои худ баргашта, 7 нафар муолиҷа гирифт.
Дар айни замон 3 ҳазору 915 зан дар мансабҳои гуногуни давлатӣ фаъолият дорад. Тибқи квотаи президентӣ дар соли таҳсили 2008-2009 1007 нафар ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуд, ки 550 нафараш духтар мебошад.
Дар шаш моҳи соли равон мутахассисони Маркази «Боварӣ» -и кумита 529 нафарро қабул карда ба онҳо маслиҳатҳои равониву ҳуқуқӣ дод.
Кумита дар доираи омодагӣ ба таҷлили иди бонувон моҳи февралро «Моҳи маърифати бонувон» эълон кард. Бо ҳамдастӣ бо шӯъбаҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру навоҳии кишвар ба китобхонаҳо қариб 20 ҳазор нусха китоб супурданд. Алҳол аз 852 166 нафар муҳоҷири меҳнатии расман ба қайд гирифта, 54 ҳазор нафараш зан буда, 61 дар сади онҳоро синну соли аз 21 то 54 –сола ташкил медиҳад.
Қ. Алибердиева ба саволҳо посух дода гуфт, ки ба наздикӣ дар Федератсияи Русия вазъи муҳоҷирзанони тоҷикро омӯхта, барои расонидани ёрӣ дар чанд шаҳри ин кишвар Шӯрои занон ташкил намуданд.
Худкушии занҳоро ҳам омӯхта истодаем, - гуфт ӯ. Сабабҳои асосии он, пеш аз ҳама шароити пасти иқтисодӣ, рӯҳӣ ва моҷарои хонаводагист. Тасмим гирифтаем, ки корҳои фаҳмондадиҳии ҳаёти солимро дар миёни занон хубтар ба роҳ монем.
Убайдуллои МУРОД
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3864