logo

энергетика

Корхонаҳои хусусӣ аз фаъолият бозмонанд, онҳоро чӣ интизор аст?

Дар нимсолаи аввали соли 2009 истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ 5 миллиарду 906 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 дар сад кам мебошад. Сабаби асосии коҳиш ёфтани истеҳсоли нерӯи барқро Маҳмадшариф Ҳақдодов, муовини вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ дар худмаҳдудкунии истеҳсоли барқ бо мақсади зиёд кардани сатҳи обанбори Норак арзёбӣ кард.
Мавсуф дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар шаш моҳи соли 2009 Ширкати «Барқи тоҷик» аз ҶСК «Сангтӯда-1» ва хориҷи мамлакат ба миқдори 1792,44 миллион кВт/соат нерӯи барқ харидорӣ кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 65,98 миллион кВт соат зиёд мебошад.
Дар ин давра нисбат ба шаш моҳи соли 2008 истеҳсоли молҳои саноати сабук 115,1, матои тайёри пахтагӣ 104,9, орд 103,9, истихроҷ ва коркарди намаки ошӣ 106,7, обҳои маъданӣ 119, маҳсулоти дӯзандагӣ 109,3, сӯзишвории дизелӣ 104,9, мазут 106,4 фоиз афзудааст.
Дар баробари  дастовардҳо зикр шуд, ки маҷмӯи истеҳсолот 390,9 миллион сомонӣ кам гардид. А.Ҳақдодов сабаби аслии ин нишондодро бар асари паст шудани суръати афзоиши истеҳсолот дар КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», КМ «Тоҷиказот» ва ҶММ «Тоҷикистон» донист.
Масъулони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар посух ба пурсиши рӯзноманигорон перомуни фаъолияти корхонаҳои хусусишуда иброз доштанд, ки дар сурати аз фаъолият бозмондан ва ё номуназзамии истеҳсолот дар чунин корхонаҳо давлат метавонад онҳоро бозпас бигирад, зеро чунин шарт зимни хусусигардонии бисёре аз коргоҳҳо ба миён гузошта шудааст.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4852
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед