маориф
СИНФҲОИ КОМПЮТЕРӢ. НИЗОМИ ТАЪЛИМ НАБОЯД ХАЛАЛДОР ШАВАД
Ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилотию коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълими муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ғанӣ гардондани мазмуну моҳияти таҳсилот бо мақсади шароит фароҳам овардан барои дар сатҳи зарурӣ тайёр намудани шахсияти ҳамаҷониба инкишофёфтаи ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, ин иқдом аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мунтазам пайгирӣ карда мешавад.
Ба гуфтаи Абдусаттор Зайниддинов, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт, масъалаи истифодаи синфхонаҳои компютерӣ ва сифати таълими фанни технологияи инфарматсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии деҳот зери назорати доимӣ қарор гирифта, дар шӯроҳои шуъбаи маориф ва маҷлисҳои васеи он пайваста мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешавад. «Дар назди 68 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва умумии асосӣ кабинетҳои фанни технологияи информатсионӣ таъсис ёфта, бо таҷҳизоти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Муассисаҳои таълимии ноҳия ҳоло дорои 652 компютер, 120 принтер ва 77 генератори дизелӣ мебошанд. Тибқи талаботи Барномаи давлатии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳия 103 дарсад таъмин гардид, ки ин ба ҳар 15 нафар хонанда як компютер барои таълим рост меояд. Баҳри самаранок ба роҳ мондани фаъолияти эҷодии омӯзгорон ва пайвастшавӣ бо шабакаи ҷаҳонии интернет 59 муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилии муассисаҳо ноутбук харидорӣ намуданд. Муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 1, 8, 9, 31, 32, 60, интернати наздимактабии № 1 ва мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия низ бо барқи доимӣ таъмин мебошанд», - иброз дошт А. Зайниддинов.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 72 нафар омӯзгори соҳибкасб ба хонандагон фанни технологияи инфарматсиониро меомӯзонанд. Салимбек Тӯраев, роҳбари маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маориф, иттилоъ дод, ки «маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дорои 10 компютер буда, дар он ҳар се моҳ 10 нафарӣ омӯзгорони фанҳои гуногун ба курси кӯтоҳмуддат фаро гирифта мешаванд».
Ҳангоми баррасии мавзӯъ бо вуҷуди дастовардҳои назаррас як қатор мушкилот низ мавриди назарамон қарор гирифт, ки боиси вайрон гардидани низоми таълими дарсҳои технологияи компютерӣ дар муассисаҳои таълимии деҳот мегарданд. Ин мушкилиро на танҳо дар Рашт, балки дар дигар ноҳияҳои дурдасти кишвар низ мушоҳида кардан мумкин аст. Дар фасли зимистон набудани барқи доимӣ ва барои гузарондани дарсҳои амалии компютерӣ харидорӣ нашудани сӯзишвории дизелӣ мушкилоти асосӣ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, аксар компютерҳои муассисаҳои таълимӣ солҳои 2009 - 2010 харидорӣ шуда, ҳоло дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд ва ё таъмирталаб мебошанд. Норасоии мизҳои махсуси компютерӣ низ дар кабинетҳои технологияи информатсионӣ мушкилоти дигар аст.
Таҳия ва мавриди амал қарор додани барномаи махсуси омӯзиши компютер барои ҳамаи омӯзгорон, тариқи электронӣ ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузории омӯзгорони фаннӣ ва роҳбарони синфҳо таълими фанҳои дигарро низ осон мегардонад. Баҳри таъмир ва назорати истифодаи компютерҳои муассисаҳои таълимӣ низ бояд масъулон чораҳои дигари иловагӣ амалӣ намоянд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.11.2016 №: 235 Мутолиа карданд: 7243