logo

маориф

ПАРКҲОИ ТЕХНОЛОГӢ. АЗ СУХАН БА АМАЛ ГУЗАРЕМ

Ба мақсади пайвандии илму истеҳсолот, муттаҳид сохтани неруи зеҳнии макотиби олии кишвар барои таҳқиқоти илмӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва хушсифат дар истеҳсолот, татбиқи дастовардҳои илмии олимону муҳаққиқони ватанӣ дар назди баъзе донишгоҳу донишкадаҳои кишвар паркҳои технологӣ таъсис ёфтанд. Интизор мерафт дар назди донишгоҳу донишкадаҳо воқеан марказҳое таъсис меёбанд, ки  метавонанд дар татбиқи дастовардҳои нави илмӣ мадад расонанд. Вале  чунин нашуд, чаро?
Вазорати маориф ва илм дар асоси Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология бо қарори мушовара Низомнома барои ташкил ва фаъолияти паркҳои технологиро соли 2011 қабул намуда буд. Вазорат ба роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дастур дод, ки барои таъсиси  парки техникӣ аз ҳисоби маблағи гурӯҳҳои шартномавӣ дар назди донишгоҳҳо марказҳои таҳқиқотӣ ташкил созанд.

Дастур: на ҳама донишгоҳу донишкадаҳо онро иҷро намуданд
Дастури вазоратро, ки ба рушду беҳбудии соҳа  равона шуда буд, на ҳама донишгоҳу донишкадаҳо иҷро намуданд. Ҳоло дар назди 12 муассисаи таҳсилоти олӣ, аз ҷумла донишгоҳҳои миллӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, тиҷорат, соҳибкорӣ ва хизмат, омӯзгорӣ паркҳои технологӣ таъсис ёфтанд. Вале, мутаассифона, ин паркҳо рушд накарданд. Дар онҳо  то кунун кори чашмрасе анҷом дода нашудааст.
Таҷрибаи паркҳои технологии кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дар назди донишгоҳу донишкадаҳо паркҳои технологӣ хеле пурсамар фаъолият намуда, ба дастовардҳои хуб ноил шудаанду базаи моддию техникиашон пуриқтидор аст. Дар назди чунин паркҳо корхонаҳои гуногун фаъолият мекунанд ва барои донишгоҳ манбаи асосии даромад ҳам ба ҳисоб мераванд. Донишҷӯён дар баробари таҳсил  дар ин марказҳо  бо омӯзгорону мутахассисони соҳибтаҷриба кор мекунанд, таҷриба меомӯзанд, дастовардҳои нави илмиашонро дар амал татбиқ месозанд. Аз ин ҳисоб маоши хуб ҳам мегиранд. Барои мисол, парки технологии Донишгоҳи миллии Беларус 11 сол қабл  таъсис ёфта буд. Тӯли солҳои фаъолияташ ин марказ хеле  рушд намуд. Технопарки донишгоҳ тавонист ба фаъолияти 11 ширкат  асос гузорад. Дар парк бозёфтҳои муҳими илмӣ ҳамаҷониба омӯхта мешаванд ва баъд дар истеҳсолот ҷорӣ мегарданд. Ҳоло маблағи  гардони он 1, 6 миллион долларро ташкил медиҳад. 
Ба гуфтаи коршиносон  дар Русия аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳҳо ба паркҳои  технологӣ ҳамасола 13 миллион рубли русӣ ҷудо мегардад.

Лоиҳа ҳаст – маблағ нест
Дар кишвари мо низ баъзе донишгоҳҳо корро дар ин самт хуб оғоз намуданд. Ба ин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мисол шуда метавонад. Кормандони парк  соли 2012 дар асоси шартномаи ҳамкорӣ аз «Тоҷиксодиротбонк» як миллион сомонӣ қарз гирифта, барои  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва баъзе донишгоҳҳои дигар компютер сохта, фурӯхтанд. Дар натиҷа ҳам даромад ба даст оварданд ва ҳам маблағи қарзи аз бонк гирифтаашонро баргардонданд. Мутаассифона, ин муҳимтарин  коре аст, ки аз замони таъсисёбиаш парки технологии донишгоҳ анҷом додааст.
Директори парк  Раҳматулло Юсупов  сабаби рушд накардани паркро ба  маблағ вобаста  медонад. Мегӯяд: «Лоиҳаҳои хуб кам нестанд. Масалан, дар бахши рӯшноӣ лоиҳае дорем, ки тибқи он метавон сохтани лампаҳоеро роҳандозӣ намуд, ки нисбати лампаҳои имрӯза  каммасрафанд. Ташкили коргоҳи ороиши сангҳо, гиёҳчой ва омода намудани маҳлул барои тоза намудани тилло, нуқра ва металлҳои гуногун аз ҷумлаи лоиҳаҳои дигарамон ба шумор мераванд. Аммо барои татбиқ намуданашон маблағ зарур аст».
Ба иттилои ӯ донишгоҳ то кунун барои парк маблағ ҷудо накардааст. Ҳоло кормандони парк баъзе лоиҳаҳояшонро барои маблағгузорӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намудаанд. 
Шарифзода Муъмин: аз ҳисоби донишгоҳ барои парк маблағ ҷудо нагардид
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2012 парки технологии таълимӣ- истеҳсолиро таъсис дод.
- Аз ҳисоби донишгоҳ барои парк маблағ ҷудо нагардидааст, аммо бо қарори  шӯрои олимон  ду синфхонаро ба парк ҷудо намуда, аз ҳисоби маблағҳои донишгоҳ бо тамоми таҷҳизот - тахтаҳои электронӣ, компютер ва дигар воситаҳои электронӣ таъмин намудем. Ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат барои омода намудани пешхизмат, забономӯзӣ, коргоҳи таълимӣ – истеҳсолии дӯзандагӣ ва қаннодӣ  аз ҷумлаи корҳое ба шумор мераванд, ки дар заминаи парки технологӣ анҷом ёфтанд, - мегӯяд ректори донишгоҳ Шарифзода Муъмин.

Сехи заргарӣ. Он кай фаъолият мекунад?
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат низ соли 2011  парки технологии худро таъсис дод. Аммо, аз замони таъсис то ба имрӯз ба ҷуз аз истеҳсоли маҳсулоти кулолӣ – хумдон ва гулдонҳо кори муҳими дигареро анҷом дода натавонист. Дар як нишасти матбуотӣ соли 2013 ректори донишкада аз таъсиси коргоҳи заргарӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода гуфт, ки  дар заминаи парки технологӣ коргоҳи мазкурро  таъсис доданианд.  Аз  ин иттилоъ 3 сол сипарӣ шуд. Корҳои таъмирсозӣ низ ба охир расиданд, аммо коргоҳ то ҳол фаъолият надорад. Дар донишгоҳҳои дигар низ аҳвол чунин аст.
Дар робита ба ин масъала Хуршед Зиёев, сардори шуъбаи илм ва  инноватсияи Вазорати маориф ва илми  кишвар гуфт, ки воқеан  фаъолияти  паркҳои технологӣ қонеъкунанда  ва ҷавобгӯ ба   талаботи  пайванди  илму истеҳсолот нест. «Дар ин ин самт ҳанӯз мушкилот дорем. Барои   рушди паркҳои технологӣ, пеш аз ҳама, маблағ зарур аст. Аз ҷониби дигар моле, ки истеҳсол мешавад, бояд харидор дошта бошад. Албатта дар ин паркҳо баъзе корҳо анҷом дода мешаванд, аммо онҳоро наметавон навоварӣ номид. Моҳи май миёни донишҷӯён барои дарёфти ихтирои беҳтарин озмун  гузарондем. Аз ҷониби донишҷӯён 26 лоиҳа  муаррифӣ гардид. 11 – тои онро барои маблағгузории ибтидоӣ пешниҳод намудем то донишҷӯён тавонанд корашонро анҷом диҳанд ва онро дар парки технологӣ татбиқ созанд», - иброз дошт Х. Зиёев.
Ҳоло яке аз паркҳое, ки  фаъолияти нисбатан хуб дорад, парки технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ мебошад. Заминаи моддию техникии паркро асосан озмоишгоҳи кафедраи технологияи мошинсозӣ, дастгоҳҳои металлбурӣ, маркази муҳандисию техникӣ ташкил медиҳад. Парк соли аввали фаъолияташ  бо корхонаҳои гуногун корҳои машваратӣ гузаронда, аз ин ҳисоб маблағи муайяне ба даст овард. Дар соли 2013  бо ширкати «Газпром» шартнома баста, сӯзишвории ширкатро  пурра  месанҷид. Маблағи гардиши парк дар ин сол ба 33 ҳазор сомонӣ расид. Дар соли 2014 парк сохтани  таҷҳизоти лабораториро барои баъзе донишгоҳҳо  оғоз намуд. Дар натиҷа даромад 103  ҳазор сомониро ташкил намуд. Ҳоло  маблағи гардони он 340 ҳазор сомонӣ аст.  
- Дар марказ  аз ҷониби устодон якчанд дастгоҳ, аз ҷумла насоси гидротаран, дастгоҳи коркарди сангҳои қиматбаҳо омода шудаанд. Аммо бо сабаби мушкили маблағгузорӣ татбиқи онҳо тӯл кашида истодааст, - мегӯяд директори парк  М. Абдуллоев.
Аз рӯи мушоҳидаи мо ҳама он корҳое, ки донишгоҳҳо дар заминаи парки технологиашон анҷом додаанд,  ҳанӯз қонеъкунанда нест. Зеро мақсад аз таъсиси паркҳо пеш аз ҳама илмро бо истеҳсолот тавъам намуда, онро дар амал татбиқ кардан аст. Аз ин ҷиҳат паркҳои технологӣ ҳанӯз ба таваҷҷуҳи хоса ва дастгирӣ ниёз доранд.
Ҳоло таҷҳизоте, ки дар назди паркҳои технологии донишгоҳу донишкадаҳои кишвар мавҷуд аст, танҳо барои таҷрибаомӯзист.
Ба андешаи коршиносон барои рушди минбаъдаи паркҳои технологӣ зарур аст, ки ба онҳо дар андозсупорӣ, пардохти боҷи гумрукӣ ва қарзи бонкӣ имтиёз дода шавад. Чунин имтиёзҳо барои ворид намудани технологияи нав ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ мусоидат менамоянд. 
Пешвои миллат дар яке аз вохӯриҳои худ бо аҳли зиё таъкид намуда буданд, ки «Албатта, илм чизе нест, ки дар як муддати кӯтоҳ натиҷа диҳад. Баръакс, он заҳмати пайваста мехоҳад, вале мо дар ҳар сурат бояд дар роҳи рушди илм ба натиҷаҳои муайян умед бандем. Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки  муваффақияти мо моли мост ва бояд барои таҳкими дастовардҳо ва дар айни замон ба хотири рафъи мушкилоту монеаҳои мавҷуда пайваста кӯшиш намоем».
Ба ин хотир барои фаъолияти пурсамари паркҳои технологӣ  роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ бояд шароити мусоид фароҳам созанд ва монеаҳоро бартараф намоянд. Дар акси ҳол аз таъсиси чунин паркҳо манфиате  нест.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.12.2016    №: 236    Мутолиа карданд: 7289
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед