номаҳо
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. ЧАНД ПЕШНИҲОДИ ЯК ХОНАНДА
Бисёр шодем, ки дигар ҳамасола 16 ноябр чун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар таҷлил мегардад. Албатта, бовар дорам, ки таҷлили ин рӯзи муборак бо шукӯҳу самимияти хос ва хотирмон мегузарад. Чаро? Чунки мардум ба Президенти воқеан мардумии худ ҳам муҳаббат доранд ва ҳам ифтихор.
Хоса, насли мо, он рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро пеши назар дораду аз хотир намебарорад. Мо – ҳама бо зорию илтиҷо ба сӯи Офаридгори яктову ягона дасти дуо мебардоштем ва таманно мекардем, ки Сарвари шоиста ва ғамхори миллату кишвар ато бинамояд. Шукр, ҳазорон бор шукр, ки дуо мустаҷоб шуд. 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Аз нахустин суханҳо, тасмимҳо, дастурҳои ӯ дар ин иҷлосия дарёфтем, ки аз нав офтоби ин миллат тулӯъ кард ва ояндаи он дурахшон мебошад. Замон собит сохт ва дастовардҳои бузурги таърихӣ далел бар он аст, ки миллат дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин Пешво ва Раҳнаморо пайдо кард. Ӯ дигар азизи ҳар хонадон ва дилу дидаҳо аст. Ба ин хотир, бояд дар таҷлили ин рӯзи бошукӯҳ на танҳо шодию хурсандӣ бинамоем, балки саҳми арзанда бигирем. Ин рӯз бояд як рӯзи шукргузорӣ бошад, рӯзи таҷлили сулҳ, адолат ва бахт гардад.
Ҳамчу як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлол аз рӯи муҳаббате, ки ба Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дорам, пешниҳод менамоям, ки ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ рӯзе пештар, яъне 15 ноябр як соат дарс дар мавзӯи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки беҳтарин мутахассисон ва омӯзгорон» гузаронда шавад. Албатта, онро бояд тамоми хонандагону донишҷӯёни ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти кишвар бубинанду бишнаванд. Ба ҷуз ин дар чунин як рӯзи таърихию фараҳбахш дари ҳамаи муассисаҳои фарҳангӣ бо баргузории барномаҳои ҷолибу дидании ройгон кушода бошад.
Ба мақсад мувофиқ аст ва фикр мекунам, ҳама ин пешниҳодро низ ба хушнудӣ мепазиранд, ки 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон бигардад.
Абдулваҳҳоб ОҚИЛЗОДА, ноҳияи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.12.2016 №: 237 Мутолиа карданд: 7874