маориф
МУҲАҚҚИҚ. ИН БОР СУХАН АЗ МУҚБИЛШО АЛАМШОЕВ
Муқбилшо Аламшоев хатмкардаи Институти давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) мебошад.
Баъд аз хатми донишгоҳ ва фаъолияти даҳсолаи омӯзгорӣ М. Аламшоев ҳамчун унвонҷӯи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қабул гардида, мавзӯяш тасдиқ ва худаш ба вазифаи ходими хурди илмии шуъбаи помиршиносии базаи Академияи илмҳо қабул мешавад. Дар ин давра ӯ роҳу равиши кори тадқиқотиро аз забоншиносони машҳури тоҷик Л. Хромов, Т. Хаскашев, М. Файзов ва дигарон меомӯзад. Соли 1992 таҳти роҳбарии Александр Грюнберг ва Додхудо Карамшоев рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Системаи ҷонишинҳои забони шуғнонӣ» омода намуда, ҳамон сол онро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳимоя мекунад. Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ дар Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъ-олияти илмиашро идома медиҳад. Соли 2002 дар Институти тадқиқотҳои лингвистии Академияи илмҳои Федератсияи Русия дар мавзӯи «Лексикаи чорводории забони шуғнонӣ аз нуқтаи назари этнолингвистӣ ва муқоисаи таърихӣ» рисолаи докторӣ низ ҳимоя менамояд.
Ба сифати омӯзгор ва ходими илмӣ ӯ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сатҳи таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишгоҳҳо баланд бардошта шавад. Дар ин муддат 6 монография таҳия ва нашр намудааст. Дар монографияи «Системаи ҷонишинҳои забонҳои гурӯҳи шуғнонӣ - рӯшонӣ» ҷиҳатҳои маъноӣ, пайдоиш, хусусиятҳои морфологию вазифаи синтаксисии ҷонишинҳоро баррасӣ намудааст. Доктори илмҳои филология Муқбилшо Аламшоев аввалин шахсест, ки доир ба этнолингвистикаи Помир баъди Зарубин ва Стеблин – Каменский тадқиқот гузарондааст. Соли 2002 “Луғати соҳаи чорводории забони шуғнонӣ” - ро ба табъ расонд ва бо ҳамин роҳ калимоти ин соҳа, ки хатари аз байнравиашон дар забонҳои бехат зиёд буд, нигоҳ дошт. Дар монографияи “Лексикаи чорводории забони шуғнонӣ аз нуқтаи назари этнолингвистӣ ва муқоисавӣ - таърихӣ”, ки соли 2007 ба дасти чоп расид, устод аввалин маротиба лексикаи марбут ба чорводориро дар забонҳои бехат (дар мисоли забонҳои шуғнонӣ ва рӯшонӣ) мавриди ҷамъоварӣ ва тадқиқот қарор дода, маънои калимаҳоро шарҳу тафсир ва этимологияи калимаҳоро нишон додааст.
Муқбилшо Аламшоев барои хонандагони мактабҳои ибтидоӣ “Алифбои забони шуғнонӣ” - ро ба чоп расонд (1996). Соли 2015 барои тоҷикзабононе, ки хоҳиши омӯхтани забони шуғнониро доранд, “Дастури забони шуғнонӣ” - ро омода намуд.
М. БРОИМШОЕВА,
ходими калони илмии Институти илмҳои
гуманитарии ба номи Б. Искандарови АИ ҶТ,
номзади илми филология
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 5.12.2016 №: 238 Мутолиа карданд: 7441