logo

туризм

ТУРИЗМ. ДАР БОРАИ МУАММОҲОИ РУШДИ СОҲА

Тоҷикистон барои рушди самтҳои гуногуни туризм имкониятҳои фаровон дорад. Ҳарчанд дар ин бахш аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ кӯшишҳои зиёд ба назар мерасанд, вале  баробари туризми содиротӣ бояд туризмӣ воридотӣ низ рушд ёбад. Дар самти тарбияи кадрҳои тахассусманд низ чанде аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ машғуланд, то бозори меҳнатро бо кадрҳои лаёқатманди рақобатпазир таъмин созанд. Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳон дар мадди аввал аст.
Дар ин бора Ашурбой Солеҳзода, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, зимни конфронси илмӣ – амалии байналмилалии «Муаммоҳои инкишофи туризми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз дошт.
Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ зикр кард, ки Тоҷикистон барои танзими сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм беш аз 30 санади меъёрию ҳуқуқӣ қабул кардааст, ки барои рушди он мусоидат менамоянд. Сокинони 81 кишвари дунё метавонанд аз се фурудгоҳи байналмилалии кишвар соҳиби раводид шаванд. Ба наздикӣ раводиди электронӣ ҷорӣ мегардад, ки сайёҳон тавассути интернет соҳиби раводид ба Тоҷикистон мегарданд. Ин иқдомҳо сафари хориҷиёнро ба кишвари мо бамаротиб осонтар менамояд. Тоҷикистон хусусан дар самти туризми экологӣ, тиббӣ, фарҳангӣ - таърихӣ имконияти фаровон дошта, борҳо ҳамчун кишвари зеботарин ва мусоид барои сайёҳон дар ҷаҳон эътироф гаштааст.
Регина Гаутлина, коршиноси соҳаи туризми Қирғизистон, изҳор дошт, ки тӯли шаш моҳ дар Тоҷикистон фаъолият мебарад ва ба ояндаи дурахшони туризми кишвар некбин аст. Ба гуфтаи вай афзалияти асосии туризми Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки ҷойҳои диққатҷалбкунандаи сайёҳӣ дар тамоми минтақаҳои он ба назар мерасанд ва аз махсусиятҳои нодири табиӣ бархӯрдоранд.
Масоили дигари соҳа, аз ҷумла роҳҳои истифодабарии самараноки захираҳои туристӣ, муаммо ва имкониятҳои рушди туризми байналмилалӣ дар ҷумҳурӣ; заминаҳо ва дурнамои рушди агротуризм; роҳҳои рушди сайёҳӣ аз нигоҳи барномаҳои давлатӣ ва зарурати таҳияи барномаҳои туристӣ барои минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Машҳура АБДУЛЛОЕВА,
Насрулло ТӮЙЧИЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.12.2016    №: 239    Мутолиа карданд: 8870
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед