маориф
НИГАРОНӢ АЗ КАМБУДИҲОИ ЗИЁД ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД
Яке аз масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи ҳайати васеи мушовараи прокуратураи вилояти Суғд, ки бо иштироки роҳбарияти раёсати маорифи вилоят, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ баррасӣ шуд, ин натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ оид ба маориф дар иртибот ба сифати таълиму тарбия миёни муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ ва ғайридавлатӣ буд.
Зафар Қаюмзода, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Суғд таъкид дошт, ки сарфи назар аз муваффақиятҳо, аз қабили беҳтар шудани шароити таълими хонандагону омӯзгорон, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои нави замонавии ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, таҷҳизонидани онҳо бо компютерҳои муосир, сол ба сол афзоиш ёфтани теъдоди хонандагони ба макотиби олии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ шомилшуда дар соҳа ҳамоно камбудиҳои зиёд ба мушоҳида мерасанд. Санҷишҳои прокурорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят норасоиҳоро аз қабили бар хилофи талаботи иҷозатнома зиёд будани шумораи хонандагон дар синфҳо, ҷавобгӯй набудани масоҳати синфхонаҳо ба миқдори хонандагон, риоя нагаштани меъёрҳои санитарию гигиенӣ, тибқи барномаи таълимӣ самаранок истифода нашудани соатҳои таълимӣ, бе тайёрӣ ҳозир шудани омӯзгорон ба дарс, набудани конспект, мувофиқа карда нашудани нархномаи таълими иловагии пулакӣ ошкор кард, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа мебошад.
Сарфи назар аз тадобири зиёд ҷиҳати беҳтар кардани шароити таҳсили хонандагон, азнавсозию барқароркунӣ дар вилоят 35 муассисаи таълимӣ дар биноҳои садамавӣ қарор дорад.
Прокуророни шаҳру навоҳии вилоят ҷиҳати аз тарафи волидайн, намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгорон, кормандони муассисаи таълимӣ, иҷро накардани уҳдадориҳои парасторӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ноболиғон бо моддаи 90 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 302 парванда оғоз ва барои баррасӣ ба судҳо ирсол карданд, ки аз ин 280 парванда нисбат ба волидайн ва барои истифодаи телефон дар дарсҳо - 40 нафар, бе либоси мактабӣ омадан - 29 нафар, оворагардӣ - 28 нафар, муҳайё накардани шароити таълим - 30 нафар, бо ҷавоҳирот ба дарс омадан ва нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд мебошанд. Ҳамзамон прокуратураи вилоят барои монеъ шудан ҷиҳати гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосӣ нисбат ба падару модар 30 парвандаи ҷиноятиро тафтиш мекунад. Аз 139 ноболиғи ҷиноят содиркарда дар даҳ моҳи соли равон 70 нафар ва ё 50,3 дарсадаш хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд.
Боиси таассуфу нигаронист, ки дар соҳа ҳолатҳои фаъолияти омӯзгорон бо дипломҳои қалбакӣ низ ошкор шуданд. Ин ҳолат нисбат ба директорони МТМУ рақами 64 Ш.Шералиева, рақами 78 О.Холматов, гимназияи № 2 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, директори МТМУ рақами 22 М.Абдулақимоваи ноҳияи Ашт, Х.Марқаева, муовини директори мактаби президентии шаҳри Бӯстон Р. Ғафурова, омӯзгори МТМУ № 19 шаҳри Хуҷанд ошкор ва чораҳои қонунӣ андешида шуданд.
Дар ҷаласаи ҳайати васеи мушовараи прокуратураи вилоят оид ба камбудиҳои ошкоршуда ва ҷиҳати ислоҳи онҳо гузориши сардори раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ва дигар масъулини соҳа шунида шуд ва баҳри иҷрои қонунгузорӣ дар бораи маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 6.12.2016 №: 239 Мутолиа карданд: 7290