номаҳо
НОМАИ МАРО ҲАМ НАШР КУНЕД
Оре, ин номаи маро ҳам нашр кунед. Ман онро на танҳо аз номи худ, балки аз номи мардум, сокинони деҳаҳои Варзоб, хоса донишҷӯёне, ки ҳар саҳар ба дарс, ба пойтахти кишвар ва ноҳияҳои гирду атрофи он мераванд, менависам. Албатта, махсус барои гӯшаи «Шаҳрванд» - и рӯзномаи дӯстдоштаам.
Агар нафаре, ки аз шоҳроҳи Душанбе – Чанак, ки қисмате аз он дар ноҳияи Варзоб аст, мегузарад, шояд пиндорад, ки тамоми роҳҳои ин ноҳия чунин ҳамвору зебову асфалтпӯш аст. Кош ин пиндор ҳақиқат медошт. Агар боре роҳҳои деҳаҳоро медид, андешаашу пиндораш дигар мешуд. Аз ҷумла, масофаи деҳаи Пугус то Сафеддара 17 километрро ташкил медиҳад. Ин роҳ ба харобӣ, пастию баландиҳое, ки дорад, моро сахт ба ташвиш овардааст. Тай кардани ин масофаи на он қадар зиёд вақти бисёрро мегирад. Ба ҳамин сабаб донишҷӯён, аз дарсҳо дер мемонанд. Шахсан ман борҳо ба дарсҳо дер расидаам.
Солҳост, ки ин роҳ таъмирталаб буда, фикр мекунам, ба симои ноҳия низ бетаъсир намемонад. Азбаски Варзоб минтақаи туристӣ мебошад, ба ин ҷо сайёҳон аз кишварҳои дигар меоянд. Бо ин ҳол онҳо, тасаввур намекунам, ки хотираҳои неку гуворо бибаранд. Аз чӣ бошад, ки масъулон ба ин масъала хуб ошноӣ доранд, аммо барои ҳаллаш тадбир намеандешанд? Бисёр мехоҳам, ки пас аз нашри ин нома дар гӯшаи «Шаҳрванд» онҳо ин камбудии ҷойдоштаро рафъ бинамоянд.
Суҳроби НАЗАР,
донишҷӯи соли сеюми шуъбаи рӯзноманигории коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.12.2016 №: 240 Мутолиа карданд: 7567