маориф
МАБЛАҒ. ҶАМЪОВАРИИ ХУДСАРОНАИ ОН БА НИЗОМИ ТАЪЛИМ ЧӢ РОБИТА ДОРАД?
Шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои барномаи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» ва нақшаҳои кории раёсат ҷиҳати пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар ҷомеа ва суръатбахшии фаъолияти зиддикоррупсионӣ дар байни омма тадбирҳои муассир меандешад. Кормандони шуъба чанде пеш ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» - ро дар фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Кумитаи падару модарон» ва оид ба дуруст амалӣ намудани талаботи моддаи 58-и қонуни мазкур фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимӣ ва пардохти маблағҳои ихтиёрӣ аз ҷониби падару модарони хонандагонро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор доданд.
Дар ин замина, кормандони раёсат дар муассисаи таълимии № 80 бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мулоқот доир намуданд. Дар он таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти роҳҳои муборизаи муштарак алайҳи ин зуҳуроти номатлуб равона гардида, аз даст доштани бархе кормандони соҳаи маориф ба ришваситонӣ изҳори нигаронӣ шуд. Таъкид гардид, ки асоси ҳуқуқии мубориза бо коррупсия дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия маншаъ мегирад, ки 31 октябри соли 2003 қабул гардидааст. Баъдан, ба тадриҷ кишварҳои зиёди ҷаҳон ба ин санади муҳим имзо гузошта, аз ҷониби парлумонҳои кишварҳояшон тасдиқ (ратификатсия) ва ҷонибдорӣ ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз 25 сентябри соли 2006 ба ин ҳуҷҷат имзо гузошт ва аъзои ин конвенсия мебошад. Таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, боварии шаҳрвандон ба ниҳодҳои давлатӣ - демократӣ таҳияи сиёсати зиддикоррупсиониро талаб менамуд, ки бояд воситаи муттаҳидсози саъю талоши мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гардад.
Рафти омӯзиш маълум сохт, ки моддаи 58 – (фаъолияти пулакии муассисаҳои таълимӣ) - и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз ду қисм иборат аст: яъне мутобиқи қисмҳои 1, 2 ва 7 - и он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии давлатӣ бо хоҳиши падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) таълими иловагии пулакӣ дар асоси шартнома ташкил карда мешавад. Мутобиқи қисмҳои 2 ва 7 - и моддаи 58 қонуни мазкур бошад, «Дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии давлатӣ, падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд)» метавонанд барои таъмири ҷории синфхонаҳо, биноҳои таълимӣ ва хариди таҷҳизоти зарурӣ маблағҳои ихтиёрӣ ҷудо кунанд. Дар ҳар сурат, ба кормандони соҳаи омӯзгорӣ, роҳбарони синфҳо, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ҷамъоварии маблағи нақдӣ ва ғайринақдӣ аз таълимгирандагон ва падару модарони онҳо (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) манъ аст.
Вобаста ба ин, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 365, аз 5 апрели соли 2006 «Доир ба тасдиқи номгӯи хизмати иловагии таълими пулакӣ дар муассисаҳои таълимии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расидааст. Таълими иловагии пулакӣ берун аз нақшаи таълимӣ аз рӯи самтҳои алоҳидаи таълимӣ ва фанҳое, ки дар стандарти давлатии таҳсилот пешбинӣ шудааст ва маблағҳои таълими иловагиро падару модарон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) бояд ба суратҳисоби махсуси бонк пардохт намоянд.
Мувофиқи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Ҳар шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад. Мутаассифона, баъзе аз роҳбарони синфҳо бо чашмпӯшии роҳбари муассисаи таълимӣ ин ҳолатро талаботи қонунӣ эътироф карда, дар ин асос аз волидайни таълимгирандагон маблағғундориро ба тариқи доимӣ, яъне ҳармоҳа кардаанд, на ихтиёрӣ.
Дар вақти санҷиши омӯзишӣ ва гузарондани суҳбатҳои фаврӣ-интихобӣ бо волидайн ва таълимгирандагони ҷудогонаи мактабҳои шаҳр маълум гардид, ки аз тарафи баъзе роҳбарони синфҳо бар хилофи қисми 9 - и моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» то ҳол аз як қисми онҳо бо баҳонаи «барои кумак ба мактаб» ё «хариди ягон таҷҳизоте ба мактаб», ҳар моҳ то 20 сомонӣ талаб карда мегиранд ва ин маблағҳоро ғайримақсаднок истифода мебаранд. Ин ҳаракатҳои омӯзгорон, роҳбарони синфҳо ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидоштаро ба вуҷуд оварда, ҳамзамон дар тафаккури насли наврас ва таълиму тарбияи онҳо таъсири манфӣ мерасонанд.
Зимни вохӯрӣ зикр шуд, ки баҳри пешгирӣ ва решакан намудани коррупсия, бояд аҳли ҷомеа муборизаи дастаҷамъона барад. Гузашта аз ин, пеши роҳи ҷамъоварии ғайриқонунии маблағҳо гирифта шавад, қонунҳо поймол нашаванд, ба рушду такомули насли наврас ва таълиму тарбияи онҳо халал ворид нагардад.
Самандар СУНАТЗОДА,
сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 8.12.2016 №: 241 Мутолиа карданд: 7832