logo

ҳуқуқ

47,9 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВИЕ, КИ ДАР СУҒД ОШКОР ГАШТ

Давоми даҳ моҳи соли равон дар миқёси вилояти Суғд 646 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор шудааст, ки 47,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ дар пай дорад.
Дар ин бора зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» иттиллоъ дода шуд. Дар ҷаласа ҳолати иҷрои қонунгузорӣ перомуни мубориза алайҳи коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар фаъолияти кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар муассисаҳои давлатӣ баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа оид ба ҷилавгирӣ аз амалҳои коррупсионии дохилиидоравӣ, аз байн бурдани омилҳои ба он мусоидаткунанда байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, худидоракунии шаҳраку деҳот, кумитаҳои идораи замин, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар ҳамин ҳол, раванди ошкорсозӣ, оғоз ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, парвандаҳои маъмурии коррупсионӣ мавриди таҳлил қарор дода шуд.
Дар идомаи ҷаласа зикр шуд, ки дар ин давра аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 208 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ба омилҳои коррупсионӣ мансуб аст, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Ба хотири тақвият бахшидан ба фаъолияти субъектҳои зидди коррупсия муборизабаранда, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва паёмадҳои номатлуби амалҳои коррупсионӣ дар ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид. Зимнан, таъкид шуд, ки прокуратураи вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят мубориза алайҳи ин падидаи номатлубро таҳким бахшида, шахсони ба амалҳои коррупсионӣ дастдоштаро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.2016    №: 243    Мутолиа карданд: 4448
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед