logo

ҳуқуқ

ҚОНУН. ҶИНОЯТ БЕ ҶАЗО НАМЕМОНАД

Баъзе аз шаҳрвандон то ҳунӯз дарк накардаанд, ки оиладорӣ бо вуҷуди бахту саодат масъулияту уҳдадориҳои зиёд низ дорад. Бавижа, пас аз соҳиби фарзанд шудан, таъминоти иҷтимоӣ ва таълиму тарбияи фарзанд масъулияти падару модарро дучанд мегардонад.
Аммо шаҳрванд Ҷамолиддин Акбаров моҳи сентябри соли ҷорӣ соҳиби писарачаи дӯстрӯе мешавад ва бо сабабҳои гуногун аз ҳамсараш Манижа Ҳакимова ҷудо мегардад. Дар баробари фурӯпошии оила Манижа, ки пештар ҷои кор ва даромади иловагӣ надошт, бесаробон монда, аз уҳдаи таъминоти иҷтимоии фарзандаш намебарояд. Ҷамолиддин бошад, дидаву дониста аз таъминоти оилавии худ канораҷӯӣ мекунад. Пас аз шикояти ҳамсараш ба суди ноҳияи Сино баъди таҳлилу баррасӣ суд ҳалнома мебарорад, ки мувофиқи он ба писараш Идрис Акбаров то синни ба балоғат расидан  маблағи 200 сомонӣ ҳар моҳ ва то сесола шудани ӯ ба собиқ ҳамсараш Манижа Ҳакимова 100 сомонӣ ҳар моҳ алимент диҳад.
Пас аз ин, Ҷамолиддин гӯё аз ин қарори суд норозӣ шуда, ба суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ мебарад. Ҳазору як баҳонаро пеш оварда талаб мекунад, ки ба фарзандаш 100 сомонӣ ва ба ҳамсараш 30 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 130 сомонӣ алимент месупораду халос. Аммо Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе муайян кард, ки воқеан ҳам шикояти даъвогар Манижа Ҳакимова  асоснок буда, ӯ танҳо аз уҳдаи таъминоти иҷтимоии фарзандаш намебарояд, то сесолагии кӯдак бо кор машғул шуда наметавонад  ва инак се моҳ мешавад, ки Ҷамолиддин ба оилааш ёрдами моддӣ нарасондааст.  
Коллегияи судӣ маводҳои парвандаро омӯхта, сабабҳои дар шикояти кассатсионӣ овардашударо дар маҷмӯъ бо ҳамаи дигар маводҳои дар парванда мавҷудбуда санҷида, ба онҳо баҳои ҳуқуқӣ дод ва ба хулоса омад, ки ҳалномаи суд бетағйир, шикояти кассатсионӣ беқаноат мононда  шавад.
Ба ин тартиб, Ҷамолиддин Акбаров уҳдадор шуд, ки ба фарзанду ҳамсари собиқаш тибқи талаботи қонун алимент пардозад. Зеро, бар асоси муқаррароти қисмҳои 1 ва 3 моддаи 80 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон падару модарон вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Агар онҳо фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) мувофиқи тартиботи судӣ ситонда мешавад.
Ҷовидон НАЗАРЗОД,
корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2016    №: 244    Мутолиа карданд: 4323
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед