logo

ҳуқуқ

КОРРУПСИЯ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ОН ДАР САРГАҲИ БАРНОМАҲОИ ДАВЛАТӢ ҚАРОР ДОРАД

Коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, содиршавии ҷиноятҳои вобаста ба он ба сатҳи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфии худро мерасонад.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардондани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда  истодааст. Аз ҷумла, баҳри пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, пешгирии тасарруфи моликияти давлатӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ дар 11 моҳи соли 2016 аз ҷониби агентӣ 1766 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ба маблағи 179.917.354  сомонӣ ошкор ва ба қайд гирифта  шудааст, ки дар ин давра 89.212.118 сомонии он барқарор карда шудааст.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти ошкор ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта санҷишҳо гузаронда шуда, 937 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардида, ба  маблағи 759560 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуд, ки аз ин 713160 сомониаш ба буҷет ворид гашт. Баҳри таъмини саривақтии иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1504, аз 30 августи соли 2013, агентӣ 131 санҷиши ҳолати иҷрои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020”- ро дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо гузаронда, аз натиҷааш ба Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пешниҳод намуд.
Бо мақсади давра ба давра паст кардани сатҳи коррупсия ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ дар ҷумҳурӣ, агентӣ ба роҳ мондани силсилаи чорабиниҳо, аз ҷумла гузарондани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо, таҳлили хавфҳои коррупсия дар вазорату идораҳо, ҷоннок намудани фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таъмини иҷрои саривақтии барномаҳои зиддикоррупсионӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баргузор намудани семинару конфронсҳо ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баҳри баланд бардоштани мафкураи зиддикорупсионии шаҳрвандонро идома медиҳад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.2016    №: 244    Мутолиа карданд: 4378
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед