logo

маориф

КОЛЛЕҶИ ТИББӢ. ТАЪМИНОТ БО КАДРҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БЕҲТАР МЕШАВАД

Пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ноҳияи Рашт ободу зебо гардида, дар ин давра як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Донишҷӯёни коллеҷи тиббии ноҳия соҳиби бинои наву замонавӣ гаштанд. Бинои нав сеошёна буда, дорои китобхона, қироатхона, ошхона, маҷлисгоҳ, синфхонаҳои компютерӣ, фаннӣ ва лабораторияи химиявӣ мебошад.
Ба иттилои муовини директори коллеҷ Маҳмадсиддиқ Зиёев, тамоми синфхонаҳо бо таҷҳизоти гармидиҳанда таъмин мебошанд. Айни замон дар муассиса 825 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз ин 342 нафарашро духтарон ва 483 нафарашро ҷавонписарон ташкил медиҳанд.     
Дар назди коллеҷ барои 124  нафар  хобгоҳ фаъолият намуда, бо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё мебошад. Тибқи иттилои масъулон, аз сабаби сарду тӯлонӣ будани зимистони ин ноҳияи кӯҳистон барои зимистонгузаронӣ 11 тонна ангишт ва 10 метри мукааб ҳезум захира карда шудааст, ки барои пушти сар намудани фасли сармо басанда аст.
Яке аз мушкилоти асосӣ дар навоҳии кӯҳистон, ин норасоии кадрҳо  дар  бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ мебошад. Аз ин рӯ, фаъолияти коллеҷи тиббӣ дар ноҳияи Рашт барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб ва таъмини беморхонаҳои деҳот бо кадрҳои маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.     
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2016    №: 245    Мутолиа карданд: 6616
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед