logo

ҳуқуқ

ҚОТИЛИ ҲАМСАР ҲАЖДАҲ СОЛ РАВОНАИ ЗИНДОН ГАШТ

Суди шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятиро нисбат ба шаҳрванд Бахтиёр Агамалиев бо моддаҳои 104 қисми 2  банди «в» ва 243 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар натиҷа муайян гардид, ки номбурда аз рӯи бадбинӣ ва рашк ҳамсараш Ш. М. Низамоваро ҳангоми хоб будани кӯдакони хурдсолаш ба қатл расонда, бо ин амали ваҳшиёнаи худ ҷинояти махсусан вазнин содир намудааст. Бино ба иттилои Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ, ин қотил бо мақсади рӯйпӯш намудани изи ҷинояти содирнамудаи худ ҷисми беҷони ҳамсарашро ба ҳаммоми хона дароварда, дар дохили ванна онро ба қисмҳо ҷудо намуда, дар якчанд халтаи селофанӣ ҷойгир кардааст. Баъдан, халтаҳои селофаниро дар алоҳидагӣ ба  назди маркази савдои «Ёвар» бурда, ба дарёи Душанбе партофтааст.
Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 17 октябри соли 2016 Бахтиёр Агамалиев бо моддаҳои 104  қисми 2 банди «в» ва 243 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон   гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт, таъйин карда шуд.

ГИРЕҲИ ҶИНОЯТ ПАС АЗ ШАШ СОЛ КУШОДА ШУД
Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ашт аз моҳи декабри соли 2010 шаҳрванд Гулрӯ Хайруллоева, сокини деҳаи Гулшани деҳоти Шодобаи ноҳияро ҳамчун шахси беному нишон гумшуда ҷустуҷӯ менамуданд. Гиреҳи ҷиноят вақте боз гардид, ки оид ба ҳодисаи мазкур кормандони милитсия ахбори зарурӣ гирд оварда, бо гузарондани маҷмӯи чорабиниҳои фаврӣ гумонбарони ҷинояти одамкуширо муайян намуданд. Ба гумони даст доштан дар куштори бераҳмона шаҳрвандон Ҳабибулло Султонов ва Элмурод Ботуров, ки ҳарду ҳамдеҳаи Гулрӯ Хайруллоева мебошанд, боздошт гардиданд.
Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ маълум гашт, ки охирҳои моҳи декабри соли 2010  гумонбаршавандаҳо Ҳ. Султонов ва Э. Ботуров марҳум Хайруллоеваи 28 - сола, модари ду фарзандро ба мулоқот даъват намуда, ба назди нуқтаи таъмини сӯзишвории собиқ хоҷагии деҳқонии ба номи Хайруллоев, воқеъ дар деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт, меоранд. Зимни мулоқот байни ҳам муноқиша карда, бо истифода аз корди хоҷагӣ аввал Султонов баъдан Ботуров, ҳар кадоме ду маротибагӣ ба узвҳои ҳаётан муҳими ҷабрдида зада, ба ҳалокат мерасонанд. Аз рӯи нишондоди гумонбаршавандаҳо ҳаракатҳои ҷиноятӣ дар ҳолати мастӣ сурат гирифта, онҳо бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содиршуда ҷасадро ба халта андохта, сипас ба обанбор мепартоянд, либосҳои дар тан доштаи Гулрӯ Хайруллоеваро бошад, месӯзонанд.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи далели одамкушӣ нисбат ба гумонбаршавандаҳо Султонов ва Ботуров бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Бахтиёр аз рӯи бадбинӣ ва рашк ҳамсарашро ваҳшиёна ба қатл расонда, бо ҳукми суд ба муҳлати ҳаждаҳ сол равонаи зиндон шуд. Ҳабибулло ва Элмурод низ, агар тафтишот муайян намояд, ки Гулрӯ Хайруллоеваро маҳз онҳо аз ҳаёт маҳрум сохтаанд, аз озодӣ маҳрум хоҳанд гашт. Бешак, ин рафтори нобахшидании онҳо фардо барояшон манбаи дареғу дард хоҳад шуд. Вале, ҳайҳот, ки дигар рафтаҳо барнамегарданд.
Д. РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2016    №: 245    Мутолиа карданд: 4243
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед