logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО САРВАЗИРИ ШРИ – ЛАНКА

14 декабр дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири ин кишвар Ранил Викремесингҳ мулоқот намуданд.
Зимни суҳбати самимӣ масъалаи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Шри-Ланка ва густаришу тавсеаи минбаъдаи онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба дарёфти роҳу усулҳои нави рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноати нассоҷӣ, коркарди захираҳои табиӣ, саноати туризм ва инфрасохтори он, инчунин илму фарҳанг табодули афкор намуданд.
Муштаракоти зиёди иқтисодии Тоҷикистону Шри-Ланка омили муҳими фароҳамсози заминаи хуби ҳамкориҳо арзёбӣ гардида, изҳори итминон карда шуд, ки ба имзо расидани санадҳои нави дуҷониба дар мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Шри - Ланка барои тавсеаву таҳкими ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар соҳаҳои гуногун нақши муҳим бозида, ба таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Шри - Ланка оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва Шӯрои тоҷирону соҳибкорони ду давлат заминаҳои мусоид фароҳам месозанд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ, вазъи ҷаҳони муосир, амнияту суботи минтақа бо назардошти вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии Афғонистон ва муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ сурат гирифт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.12.2016    №: 245    Мутолиа карданд: 6822
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед