logo

ҳуқуқ

ЗИЁДАРАВӢ. ҚОНУН НАМЕБАХШАД

Ҳадафи асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» пеш аз ҳама ба танзим даровардани расму оин ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар шароити ҷаҳони муосир мебошад. Бояд қайд кард, ки давлати мо яке аз аввалинҳо шуда, чунин санади муҳимро қабул намуд.
Бо гузашти зиёда аз нуҳ сол таҷриба нишон дод, ки татбиқи қонуни мазкур дар баланд бардоштани сатҳи зиндагиву рӯзгори мардум ва беҳтар гардидани маърифати шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам овард. Равшан аст, ки то қабули ин қонун сокинони кишвар дар шаҳру навоҳии мамлакат маърака, расму оинҳои миллиро бо харҷи зиёд баргузор намуда, солҳои зиёд аз шахсони алоҳидаву бонкҳои гуногун қарздор мешуданд. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки яке аз сабабҳои хонавайрон гардидани оилаҳои ҷавон низ ба ин масъалаҳо вобастагӣ доранд. Пас аз бодабдаба гузарондани базми хонадоршавӣ муаммои қарз ва роҳи сардаргуми падару модар боиси ба вуҷуд омадани хархашаву нофаҳмиҳои навхонадорон мешавад. Замоне ки қонун мавриди амал қарор гирифт, баргузории маросимҳое ба монанди духтарталабон, домодталабон, ҳоҷибинон, хатнатӯй, бист, сӣ, чиллагурезон маҳдуд гардиданд.
Баргузории маросими ақди никоҳи навхонадорон низ ба танзим даромадааст. Айни ҳол барои гузарондани базми арӯсӣ ҳамагӣ чор мошин пешбинӣ шудааст. Кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи қонуни номбурда ҳамарӯза, бавижа рӯзҳои истироҳат дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру навоҳии кишвар чорабиниҳои мақсаднокро доир менамоянд. Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳастанд нафароне, ки қонуни танзимро нодида мегиранд. То имрӯз аз тарафи кормандони БДА зиёда аз 5400 ҳолати ҳаракати гурӯҳи мошинҳои аз муқаррарот бештар ба қайд гирифта шуда, барои чораандешӣ парвандаҳо ба суд ирсол карда шудааст. Дар давоми бештар аз як моҳ, яъне аз 26 октябр то 20 ноябри соли ҷорӣ 643 ҳолати аз меъёри муқарраргардида зиёд истифода бурдани воситаҳои нақлиёт дар базми арӯсӣ аз тарафи кормандони БДА ошкор карда шудааст. 
Аз автомобилҳои ба базм омодашуда нидову фарёдҳои ҷавонон ва бонги гӯшхароши силсиладор садо дода, мардуми атрофро сахт нороҳат мекунанд. Ҳатто ҳолатҳое ошкор гардид, ки арӯсу домод худашон ба сари чанбарак менишинанд ва ба қавле “ба сафари ошиқона” мебароянд, ёру дӯстони мошинсавори онҳо аз пешу қафо тадриҷан ҷамъ омада, дар назди биноҳои ақди никоҳ ҳолатҳои тамбашавӣ ва қоидавайронкуниро ба амал меоваранд. Барои ин амалҳои хилофи қонун аксар маврид падару модарон ва пирони корозмуда низ гунаҳкоранд. Зеро маҳз онҳо метавонанд, худнамоӣ ва дабдабаи нолозими ҷашну маросимҳоро пешгирӣ намоянд ва фарзандонашонро аз зиёдаравӣ эмин доранд. Ҳамзамон, маблағеро, ки аз маросимҳои гуногун сарфа мешавад, барои беҳбудии рӯзгори оянда ва таълиму тарбияи фарзандонашон истифода баранд.
Аҳмадулло НАРЗИҚУЛОВ,
маркази матбуоти раёсати БДА ВКД, Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2016    №: 247    Мутолиа карданд: 4433
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед