logo

ҳукумат

Тарифаи нерӯи барқ тағйир меёбад

27 июл  таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 50 масъала баррасӣ шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст Номгӯйи нави хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва зерташкилотҳои тухмипарвари Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон тасдиқ  шуд.  Вазорату идораҳои дахлдор вазифадор гардиданд, ки ба ин сохторҳо дар вусъат додани корҳои илмию истеҳсолии вобаста ба парвариши тухмии зироатҳои кишоварзӣ мусоидат намоянд.
Илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба кӯчондани маркази  маъмурии ноҳияи Шуғнон  аз шаҳри Хоруғ ба деҳаи Миденшори деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон дастгирӣ ёфта, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои амалкунандаи қонунгузорӣ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» ва «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» пешниҳод  шуданд.
Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ (Ассотсиатсияи байналмилалии рушд), ки мутобиқи он ба Лоиҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ 3 миллиону 400 ҳазор доллари амрикоӣ маблағҳои иловагии грантӣ ҷудо мегарданд, тасдиқ гардид.  Ҳамчунин ду созишномаи дигар оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, саноатӣ ва техникӣ бо Италия ва Муғулистон тасдиқ карда шуд.
Якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ низ тасдиқ гардиданд, аз ҷумла Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, Тартиби ташаккул ва истифодаи «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод», Таснифи захираҳои конҳо ва манбаъҳои пешбинигардидаи канданиҳои фоиданок.
Мутобиқи қарори дигари имрӯз қабулшуда тарифаҳои нерӯи барқ ва гармӣ аз 1 августи соли равон тағйир меёбанд.
Бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Экспедитсияи иктишофию геологии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ» ва Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи муҳандисию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ» таъсис дода шуданд ва Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов номгузорӣ гардид.
Дар охири маҷлис Сардори давлат Эмомалӣ  Раҳмон вобаста ба таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар муроҷиат карда, онҳоро бори дигар ба истифодаи пурсамар аз тамоми заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва ба 200  ҳазор гектари нақша расондани майдони он ва ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ даъват намуд ва таъкид дошт, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоиди имсола ва ҳосили фаровони ғалладона маводи озуқаворӣ ва хӯроки чорво барои ду соли оянда бояд захира  шавад.
Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамчунин вазифадор гардиданд, ки ғалладонаи аз талаботи худ зиёд истеҳсолнамудаи деҳқононро харидорӣ карда, захираҳои давлатиро  бештар аз ҳисоби маҳсулоти ватанӣ таъмин намоянд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба омодагии ҷиддӣ ба зимистони пешомад, чорабиниҳои илмию фарҳангии бахшида ба 1310 – солагии Имоми Аъзам ва вусъат додани корҳои ободонию  созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5524
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед