logo

сафарҳо

САФАРИ ДАВЛАТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҲИНДУСТОН

16 декабр сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри - Ланка бо натиҷаҳои бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ анҷом пазируфт ва Сарвари давлат бо сафари давлатӣ аз Шри-Ланка ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ню - Деҳлӣ Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти олимақоми ин кишвари дӯст самимона истиқбол гирифтанд.
17 декабри соли 2016 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон бо маросими истиқболи бошукӯҳи расмӣ дар назди қасри Раштрапати Бҳавани Президенти ин кишвар оғоз ёфт.
Зимни ворид шудани меҳмони олимақом Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қаср тибқи муқаррароти расмии сафарҳои давлатӣ аз тӯпхонаҳо 21 шиллик парронда шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ ва Сарвазири ин кишвар Нарендра Модӣ истиқбол гирифта, пас аз аксбардории якҷоя, меҳмони олимақомро ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти меҳмони олимақом аз назди сафи горд, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Ҳиндустон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати расмии Тоҷикистон ба майдони Раҷ Гҳат, ки ёдгории Маҳатма Гандӣ дар он ҷо воқеъ аст, ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми хоса ба арзишҳои миллию таърихӣ ва фарҳангии Ҳиндустон дар назди муҷассамаи Маҳатма Гандӣ гулчанбар монда, дар китоби сабти меҳмонони олимақом соядаст гузоштанд.
Сарвари давлатро дар ин маросим намояндагони Ҳукумати ин кишвар ҳамроҳӣ карданд. Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бастаи китобҳои Маҳатма Гандӣ туҳфа шуд.
Баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон нахуст дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ оғоз шуда, сипас, дар вохӯрии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ идома ёфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар аввал ба ҷониби Ҳиндустон барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ва меҳмоннавозии самимиву ҳусни пазироии олӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид бар он доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои хуби музокироту муколамаи имрӯза дар чаҳорчӯбаи ин сафар умедвориҳои зиёд дорад.
Аз рушду тавсеаи беш аз пеши шарикии Тоҷикистону Ҳиндустон дар арсаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намуда, барои идомаи бобарор ва густариши муносибатҳои гуногунҷанба, ки соли оянда аз оғози робитаҳои дипломатӣ 25 сол сипарӣ мешавад ва пояҳои ҳуқуқию қарордодии ҳамкориҳои байнидавлатиро зиёда аз 60 санади байниҳукуматию байниидоравӣ ташкил медиҳад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, инфрасохтори роҳу нақлиёт, телекоммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, дорусозӣ, фарҳангу маориф ва туризм, инчунин ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ аз самтҳои афзалиятнок ва ояндадори муштаракоти байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон арзёбӣ гардиданд.
Таъкид гашт, ки ҳамкориҳо дар соҳаҳои мазкур метавонанд тавассути иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ, сохтмон ва таҷдиди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, роҳҳо ва иншооти зерсохтории Тоҷикистон амалӣ шуда, бо ин восита ҷалби сармояи Ҳиндустон ба лоиҳаҳои хурду бузурги Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, фармасевтика, телекоммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ ва туризм низ имконпазир гардонда шаванд.
Изҳори умед карда шуд, ки дар оянда нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ дар беҳбудбахшии равобити дуҷонибаи байнидавлатӣ фаъол гардонда мешавад.
Дар музокирот манфиатдории ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг тавассути ташкили бештари барномаҳои муосири омӯзиши компютер ва технологияҳои иттилоотӣ, инчунин омода намудани кадрҳои дорои тахассуси баланд таъкид гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи судбахши ҳамкориҳо, ҳамчунин иштироки фаъоли ҷониби Ҳиндустонро дар татбиқи лоиҳаи сохтмон ва таҷдиди дигар иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва инфрасохтори роҳу нақлиётии аҳамияти минтақавӣ дошта муҳим шумурданд.
Дар идомаи музокироти сатҳи баланд масоили ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи СММ ва Созмони ҳамкории Шанхай, дарёфти роҳу усулҳои нави ҳалли мушкилоти мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин мусоидат ба таъмини амнияту субот ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Ҳиндустон Баёнияи муштарак оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон қабул гардида,  дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ маҷмӯи санадҳои нави ҳамкории зерин ба имзо расиданд.
Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз пардохти андоз аз даромад;
Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҳиндустон оид ба ҳамкории дар соҳаи мубодилаи иттилоотии мақомоти кашшофии молиявӣ вобаста ба қонунигардонии “расмикунонии” даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм;
Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прасар Бҳарат - Хадамоти ҷамъиятии радио ва телевизиони Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи радио ва телевизион ва табодули барномаҳои аудиовизуалӣ.
Баъди анҷоми расмиёти имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма бо изҳороти матбуотӣ баромад карда, натиҷаҳои музокироту мулоқотҳои дуҷониба ва имзои санадҳои нави ҳамкориро дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи ду давлат рӯйдоди пурарзишу таърихӣ маънидод намуданд.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ
17 декабр дар шаҳри Ню-Деҳлӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон, Раиси Раҷя сабҳа (Шӯрои Штатҳо) - Палатаи болоии парлумони ин кишвар Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили рушду густариши бемайлони робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 Таъкид гардид, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ омили муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстонаи барои ҷонибҳо судманд ба ҳисоб рафта, дар ин замина робитаҳои зичи байнипарлумонӣ низ метавонанд дар беҳтар гардондани ҳамшарикии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон бо мазмуну мундариҷаи нав ва ба таври назаррас мусоидат намоянд.
Изҳори бовар карда шуд, ки парламентҳои ду давлат дар таъмини фазои мусоид барои таҳкиму рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахшҳои сиёсату амният, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳангу иттилоот саҳми бештару хубтар мегузоранд.
Тавсеаи шарикии иқтисодӣ ва амниятию низомии ду давлат омили муҳими таъмини пешрафти назарраси иқтисодию иҷтимоии Афғонистон, амнияту суботи минтақа ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот, ҳамчунин дигар масоили муҳими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи узвият дар ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ширкати “Ходайз групп Индастрис”
17 декабр дар шаҳри Ню - Деҳлӣ дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати “Ходайз групп Индастрис” Сиривас Ходай мулоқот карданд.
Дар ҷараёни он масоили ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика, бахусус рафти иҷрои лоиҳаи сармоягузории сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Хингоб - “Нуробод - 1”, “Нуробод - 2” ва “Фондарё” мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Тазаккур бояд дод, ки иқтидори неругоҳҳои барқи обии “Нуробод - 1” - 400 МВт, “Нуробод - 2” - 520 МВт ва “Фондарё” - 135 МВт - ро ташкил медиҳад.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон якҷоя бо мутахассисони ширкати “Ходайз групп Индастрис” лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳоро пурра омӯхта, аз натиҷааш ба Ҳукумати кишвар хулосаҳои худро пешниҳод намоянд.

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Пранаб Кумар Мукерҷӣ
17 декабр дар қасри Раштрапати Бҳаван Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ мулоқот намуданд.
Қабл аз баррасии масоили ҳамкорӣ дар маросими хоси истиқболи меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дода, сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳукуматҳо шинос шуданд.
Сипас, дар суҳбати самимии дӯстона вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо, аз ҷумла оид ба масоили ҳузури иқтисодии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, тақвияти муносибатҳо дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика,  маорифу  фарҳанг ва  ҳамкориҳои  ҳарбию техникӣ  табодули афкор намуданд.
Ҷалби сармояи Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, бо дарназардошти манфиати  онҳо ба иқтисодиёти  Афғонистону Ҳиндустон ва фароҳам овардани шароиту имконоти мусоиди  нақлиётию транзитӣ дар байни кишварҳои минтақа иқдоми муҳим дар рушду тавсеаи робитаҳои байнидавлатӣ арзёбӣ гардида, ҷиҳати  иштироки  муштарак дар татбиқи  лоиҳаҳои  бузурги минтақавии  нақлиёту  инфрасохторӣ  ва  дигар лоиҳаҳои барои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаётан муҳим фикру мулоҳизаҳои судманд баён гаштанд.
Сарони давлатҳо аз  сатҳу  муҳтавои ҳамкориҳои  ҳарбӣ - техникӣ, аз ҷумла   дар самти омода  намудани кадрҳои низомӣ ва иштирок дар беҳдошти инфрасохтори  ҳарбии Тоҷикистон   изҳори  қаноатмандӣ карда, барои идомаи манфиатбори ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва технологияҳои иттилоотӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба ҳамгироии Тоҷикистону Ҳиндустон дар доираи ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию  байналмилалӣ, ба мисли СММ ва Созмони ҳамкории Шанхай ва рушду тавсеаи муштаракоти дуҷониба дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон   мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷом Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биоранд. Даъват бо изҳори хушнудӣ пазируфта шуда, таъкид гардид, ки вақти сафар тариқи муколамаҳои дипломатӣ муайян карда мешавад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.12.2016    №: 248    Мутолиа карданд: 10819
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед