logo

ҳуқуқ

НИЗОМИ НАВ. ҲАДАФ - СОДАГАРДОНИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ РАВОДИД

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд    аз 1 январи соли 2017   низоми нави электронии барасмиятдарорӣ ва судури раводид дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа, Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ ва фурудгоҳҳои Тоҷикистон ҷорӣ мегардад.

 

Низоми нав ба содагардонии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, қадами навбатӣ барои электроникунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Минбаъд, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишвар дар хориҷа ва тамдиди раводид дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ бояд ҳуҷҷатҳои заруриро тавассути шабакаи интернетии www.visa.gov.tj пешниҳод намоянд. Пас аз баррасии пешакӣ, дархосткунанда тариқи почтаи электронӣ ба назди корманди консулӣ барои барасмиятдарории санадҳои зарурӣ даъват хоҳад шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ низ тавассути шабакаи интернетии
www.visa.gov.tj сурат хоҳад гирифт. Дар натиҷаи баррасии пешакӣ, низоми электронӣ ба дархосткунанда тариқи почтаи электронӣ тасдиқи даъватро ирсол мекунад, ки он бояд ҳангоми парвоз ва дар бюроҳои консулии Сарраёсати консулӣ дар фурудгоҳҳо ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои дастрас намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаш гардад.
Бо мақсади пешгирии нофаҳмӣ, таъкид мегардад, ки низоми нави электронии барасмиятдарории раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми “Раводиди электронӣ”-и кишвар вобаста нест. Зеро “Раводиди электронӣ” тавассути шабакаи интернетии алоҳида -
www.evisa.tj сурат гирифта, яккарата мебошад ва ба муҳлати 90 рӯз амал мекунад. Аммо дорандаи он метавонад дар қаламрави кишвар аз санаи воридшавӣ на зиёда аз 45 рӯз қарор дошта бошад. “Раводиди электронӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои форс - мажорӣ, тамдид карда намешавад.
Додоҷон РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2016    №: 249    Мутолиа карданд: 4092
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед